Ахбор

Фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар шаҳри Душанбе


17 октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ ва шарикони рушд дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ва боғи "Куруши Кабир"-и шаҳри Душанбе фестивали “Саводнокии молиявӣ” гузаронида шуд. 

NBTL_01_0350.JPG

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода А.С, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Г.Н. ва директори генералӣ оид ба фарогирии молиявии Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуғаниева Д.А. ҳузур доштанд.

NBTL_02_0444.JPG

Муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода зимни суханронӣ таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба зарурати омӯзиши дониши молиявӣ ва аҳаммияти маърифати молиявӣ дар замони муосир ҷалб намуд. Қайд гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо барои омӯзиши таҷриба, табодули андеша, шиносоӣ бо маҳсулоти нави молиявӣ ва тақвияти маърифати молиявӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

NBTL_03_0335.JPG   

Дар навбати худ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ иброз дошт, ки ҳадафи асосии баргузории фестивал зиёд намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявию суғуртавӣ, муаррифии хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ мебошад. Номбурда зикр намуд, ки баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ дар рушди низоми бонкӣ нақши муҳим доранд.

NBTL0467.JPG

Дар замина, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун танзимгари бозори молиявӣ, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, инчунин шарикони рушд ба масъалаи саводнокии молиявӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки аз соли 2023 то имрӯз чунин фестивалҳо дар 27 шаҳру ноҳияи мамлакат бо фарогирии зиёда аз 65 ҳазор нафар гузаронида шуданд.

NBTL_06_0613.JPG

Меҳмони фестивали “Саводнокии молиявӣ” аз ҳамсоякишвар, директори генералӣ оид ба фарогирии молиявии Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Дилбар Абдуғаниева низ зимни суханронӣ аҳаммияти рушди саводнокии молиявӣ ва таҷрибаи мутақобилаи минтақавиро таъкид намуд.

СЮЖЕТИ ОЗМУН 12.05.2023(1).04_11_31_32.Still008.jpg   

04_11_13_02.Still006.jpg

Дар идомаи ҳамоиш мутахассисони низоми бонкӣ, низоми суғурта ва ширкатҳои тиҷоратӣ дар мавзуъҳои “Таъмини бехатарӣ аз қаллобони молиявӣ”, “Истифодаи дуруст ва мақсадноки қарзи бонкӣ”, “Имкониятҳои замимаи мобилии “Андози ман”, “Саводнокии молиявӣ — заминаи асосии тиҷорати муваффақ”, “Муҳиммияти пасандозгузорӣ” ва “Мафҳум ва муҳиммияти суғуртаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ” бо рӯнамоҳои муфассал баромад намуданд.

NBTL_04_1152.JPG     

Қобили қайд аст, ки дар қисмати дигари чорабинӣ дар боғи "Куруши Кабир" давоми рӯз аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва назорати суғуртавӣ ба сокинони пойтахт “Намоиши хизматрасониҳои молиявӣ ва суғуртавӣ” пешкаш гардид.

NBTL_08_0812.JPG  

Дар қисмати ҷамъбастии фестивали “Саводнокии молиявӣ” як қатор овозхонҳои шинохтаи санъати тоҷик бо барномаи фарҳангиву фароғатии ҷолиб хотири иштирокдоронро болида гардониданд.

Шуъбаи матубот

Telegram  Facebook

Диданд: 3350

17.10.2025

Возврат к списку