17 октябри соли 2025 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар машварати нисфирӯзии мудирони ХБА аз кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ширкат варзид. Дар ин ҳамоиш ба мудирон шарҳи вазъи монетарии минтақа манзур карда шуда, иштирокдорон доир ба ноустувории бозорҳои молиявӣ, маблағгузории лоиҳаҳо оид ба тағйирёбии иқлим, омода кардани бахшҳои молиявӣ ба ояндаи сабз, рақамисозии иқтисодиёт, стратегияҳои устувории бахшҳои молиявӣ, нақши мақомоти идорӣ дар коҳиш додани хатарҳои марбут ба иқлим дар бахшҳои молиявӣ ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.
Аз ҷумла, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар мавзӯи таҳкими устувории иқтисодӣ ва дурнамои рушди минтақавӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки номуайяниҳо ва тағйироти сиёсати пулӣ дар иқтисодиёти бузург, болораву поиншавии пардохтпазирӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва ноустувории қурби асъор метавонад ба иқтисоди кишварҳои хурд таъсир расонад. Барои коҳиши чунин хатарҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои байналмилалиро тақвият бахшида, идоракунии қарзро беҳтар менамояд. Ҳамзамон, Бонки миллии Тоҷикистон тадриҷан гузариш ба низоми ҳадафмандии таваррумро такмил дода, шаффофияти сиёсати худ ва иртибот бо ҷомеаро беҳтар месозад. Қайд карда шуд, ки дар доираи Стратегияи фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022–2026 лоиҳаҳои зиёд барои дастгирии занон, ҷавонон ва соҳибкории хурд амалӣ мегарданд. Ин иқдомҳо на танҳо фарогирии молиявиро меафзоянд, балки рушди сармояи инсонӣ ва соҳибкории рақамиро низ дар минтақа тақвият медиҳанд.
.jpg)
Дар идомаи рӯз, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо директори минтақавии Хазинаи Байналмилалии Асъор барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ҷаноби Такаши Нагаока мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ дар доираи Барномаи JISPA суҳбат намуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 3039
17.10.2025