Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, моддаҳои 4 ва 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ва банди 23 Дастурамали №251 “Дар бораи соҳаи истифода, тартиби муомилоти асъори хориҷӣ, тартиб ва қоидаҳои додан ва бозхонд намудани иҷозатнома барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Душанбе Элит Tower” анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ аз рӯи намуди хизматрасонии (фаъолияти) махсус:
- хизматрасонӣ ба ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Сrowne Plaza Dushanbe”;
- дар баробари асъори хориҷӣ мувофиқи интихоби муштарӣ пули миллиро бе ягон маҳдудият барои пардохти хизматрасониҳои мазкур қабул намояд;
- дар назди хазинаи ҷамъият барои муштариён лавҳаи иттилоотӣ доир ба қурби ҳаррӯзаи асъорҳои хориҷӣ нисбати пули миллӣ ҷойгир намояд;
- ҶДММ “Душанбе Элит Tower” ҳуқуқ надорад, ки дар асоси ин иҷозатнома бо мубодилаи асъори хориҷӣ машғул шавад.
Диданд: 2314
21.10.2025