Ахбор

Иҷозатнома дода шуд


Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, ба ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Аудит - Консалтинг” ҷиҳати фаъолияти аудиторӣ барои аудити ташкилотҳои қарзӣ иҷозатнома дода шуд.

Иҷозатномаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Аудит - Консалтинг” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон №73 аз 08.06.2020 дода шудааст, аз эътибор соқит гардид.

Шуъбаи матбуот

 

 

Telegram  Facebook

Диданд: 2005

23.10.2025

Возврат к списку