Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ва Дастурамали №251 “Дар бораи соҳаи истифода, тартиби муомилоти асъори хориҷӣ, тартиб ва қоидаҳои додан ва бозхонд намудани иҷозатнома барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меҳмонхонаи Румӣ”, барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ аз рӯи намуди хизматрасонии (фаъолияти) махсус:
- хизматрасонӣ ба ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶДММ “Меҳмонхонаи Румӣ”;
- дар баробари асъори хориҷӣ мувофиқи интихоби муштарӣ пули миллиро бе ягон маҳдудият барои пардохти хизматрасониҳои мазкур қабул намояд;
- дар назди хазинаи ҷамъият барои муштариён лавҳаи иттилоотӣ доир ба қурби ҳаррӯзаи асъори хориҷӣ нисбати пули миллӣ ҷойгир намояд;
- ҶДММ “Меҳмонхонаи Румӣ” ҳуқуқ надорад, ки дар асоси ин иҷозатнома бо мубодилаи асъори хориҷӣ машғул шавад.
Диданд: 1930
24.10.2025