Ахбор

Пули коғазии ҷашнӣ ба муомилот бароварда шуд


Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” бо мақсади таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ аз санаи 30 октябри соли 2025 пулҳои коғазии ҷашнӣ бо арзиши номиналии 100 сомонӣ ба муносибати 25 - солагии пули миллӣ - сомонӣ ба муомилот бароварда шуд.

Пули ҷашнӣ на танҳо рамзи хотираи таърихӣ, балки нишони рушди устувори низоми пулию қарзӣ ва иқтисоди миллии кишвар буда, дар тарҳи он унсурҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва меъмории мамлакатамон инъикос ёфтаанд, ки аз тамаддуни қадима ва ҳунару созандагии мардуми тоҷик шаҳодат медиҳанд.

Пулҳои коғазии ҷашнӣ дар қатори дигар пулҳои коғазии Бонки миллии Тоҷикистон бо арзиши номиналии 100 сомонӣ, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 2500

31.10.2025 08:00:00

Возврат к списку