Ахбор

Мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор


30 октябри соли 2025 дар доираи баррасии сеюми Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) доир гардид.

NBTL2454.JPG  

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкории судманд, дастгирии техникӣ ва машваратии доимӣ ба ҳайати ХБА изҳори сипос намуда, аҳаммияти ҳамкории созанда бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалиро дар татбиқи ислоҳоти сохторӣ ва таҳкими суботи макроиқтисодӣ таъкид кард. Қайд карда шуд, ки Барномаи PCI барои рушди ниҳодӣ, баланд бардоштани сатҳи эътимод ба низоми молиявӣ ва мутобиқсозии меъёрҳои миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ нақши муҳим дорад.

Дар идома ҷонибҳо доир ба натиҷаҳои Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат, нақшаҳои минбаъда дар доираи Барнома, инчунин ислоҳоти соҳаи суғурта, дастовардҳо ва дурнамои рушди он ва рақамикунонии низоми бонкию суғурта табодули назар намуданд.

Гуфта шуд, ки дар низоми суғуртаи кишвар тайи солҳои охир нишондиҳандаҳои молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ баланд гардида, бунёди инфрасохтори муосир, тақмили қонунгузорӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои суғуртавӣ, таҳкими идоракунии корпоративӣ ва анҷом додани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ бомаром идома дорад.

2.JPG      

Ҳамзамон, як қатор ислоҳот, аз ҷумла дар самти таҳқими самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, ҷорӣ намудани механизми миёнакунонии захираҳои ҳатмӣ ва ба роҳ мондани мониторинги ҳаррӯзаи он аз рӯи ташкилотҳои қарзӣ мувафақона иҷро гардида, ба рушди хизматрасониҳои рақамӣ, тақвияти инфрасохтори муосири низоми пардохт, татбиқи платформаҳои миллии RTGS ва QR-рамзҳо, ҳамчунин ташкили “Маркази миллии ҳамгироии пардохтҳо” таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳамаи ин иқдому тадбирҳо, аз ҷумла рақамикунонӣ, рушди инфрасохтори пардохт, такмили низоми суғурта ва ҳамкории техникии байналмилалӣ ҳадафи ягона дошта, ба таҳкими низоми устувор, шаффоф ва рақобатпазири молиявӣ нигаронида шудаанд.

Дар анҷом, ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки ҳамкории судманд миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор ба рушди устувори низоми молиявӣ ва иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад кард.                                                                                            

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 1290

31.10.2025

Возврат к списку