Ахбор

Ҷамъбасти озмуни эссеи беҳтарин “Пули миллӣ – рамзи давлатдорӣ”


1 ноябри соли 2025 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти бонк, Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе”, ҳайати ҳакамон ва иштирокдорони озмуни эссеи беҳтарин дар мавзуи “Пули миллӣ – рамзи давлатдорӣ” маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун доир гардид.

01.JPG  

Раиси Бонки милллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва директори Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе” Нигора Султонзода дар маросими мазкур оид ба аҳаммияти пули миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии нишони мустақилият дар истиқрори давлатдорӣ ва ифодагари соҳибихтиёрӣ сухан гуфта, иштирокдорон ва ғолибони озмунро ба муносибати 25-солагии ба муомилот баровардани пули миллӣ сомонӣ табрику таҳният намуданд.

02.JPG

Сипас, дар муҳити тантанавӣ ба ғолибони озмун ҷоизаҳо супурда шуд. Ғолиби ҷойи аввали озмун хонандаи муассисаи давлатии таълимии “Литсейи №2” Мародмамадова Мавлуда гардид. Ғолиби ҷойи дуввум хонандаи муассисаи давлатии таълимии “Литсейи №1” ва ҷойи сеюмро хонандагони ҳамин муассисаи таълимӣ Мирзоева Амина ва Умарова Шаҳноза ба ҳам диданд.

NBTL2640-1.jpg

04.JPG

Қобили қайд аст, ки дар озмун 47 нафар хонандагон аз 17 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе иштирок намуда, дар баробари ғолибони озмун 16 нафар иштирокдорони фаъол аз гимназияҳои №1 ва №2, муассисаҳои таълимоти миёнаи умумии №19, №31, №60, №99, №100 ва литсейи Умари Хайём, ки навиштаҳояшон баҳои хуб гирифтааст, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Бонки миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

   05.JPG

Хотиррасон мекунем, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои пешбининамудаи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026 ва бахшида ба 25 - солагии ба муомилот баровардани пулли миллӣ – сомонӣ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе” байни хонандагони синфҳои 10 – 11 гузаронида шуд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 1647

01.11.2025

Возврат к списку