28 октябри соли 2025 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) бо иштироки намояндагони Котиботи Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) баргузор гардид.
Ҷаласаро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, роҳбари Комиссия Ализода З. ифтитоҳ намуда, муҳиммияти омодагии кишварро ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО, ки соли 2026 дар доираи ГАО дар назар аст, таъкид намуд. Роҳбари Комиссия аҳаммияти марҳилаи навро барои таҳкими устуворӣ ва шаффофияти низоми миллӣ қайд нумуда, барои дастгириҳои пайвастаи Котиботи ГАО ва баргузории чорабиниҳои гуногуни омӯзишӣ дар баланд бардоштани иқтидори гурӯҳи коршиносони миллӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО миннатдорӣ баён карданд.
Сипас бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Г.Н. иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, баргузории ҷаласаро қадами муҳимми навбатӣ дар раванди омодагии кишвар ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО арзёбӣ намуд.
Номбурда ҳамчунин саҳми Котибот ва коршиносони давлатҳои аъзои ГАО-ро ҷиҳати дастгирии доимӣ дар ин самт махсус зикр карда, барои ҳамкории минбаъда изҳори умед намуд.
Котиби иҷроияи ГАО Тетеруков С.А. пешрафтҳои назарраси Тоҷикистонро дар татбиқи стандартҳои байналмилалии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ) қайд карда, омодагии Котиботи ГАО-ро барои идомаи ҳамкории судманд иброз намуд.
Дар ҷаласа вазъи кунунии низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО-и кишвар, рафти омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобила, инчунин тартиби баргузории он баррасӣ шуд. Директори департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Мирзоалиев Ҳ.С. дар бораи чораҳое, ки барои таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, ҷалби намояндагони вазорату идораҳои марбута ба гурӯҳи коршиносони миллӣ ва омодагии онҳо барои даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО андешида шудаанд, маълумот дод.
Дар охир бо қарори Комиссия ҳайати коршиносони миллӣ оид ба омодагӣ ва гузаронидани баҳодиҳии мутақобилаи даври навбатӣ тасдиқ гардид. Ба вазорату идораҳо дастур дода шуд, ки иштироки фаъолонаи намояндагонро дар гурӯҳи корӣ таъмин карда, ҳамкории судмандро бо департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон идома диҳанд.
Ҳамзамон бо ин гуфта шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Котиботи ГАО дар Душанбе як қатор семинарҳои таълимӣ барои намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ баргузор мегарданд, ки ҳадафи онҳо сайқал додани дониши мутахассисон ҷиҳати омодагии кишвар ба марҳилаи навбатии баҳодиҳии мутақобила мебошад.
Дар анҷоми ҷаласа роҳбари Комиссия ба намояндагони Котиботи ГАО барои ҳамкорӣ ва дастгирии пайваста изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки омодагии ҳамаҷониба ва ҳамкории наздики байниидоравӣ омили асосии муваффақият дар баҳодиҳии мутақобилаи навбатӣ хоҳад буд.
Департаменти мониторинги молиявӣ
Диданд: 1037
29.10.2025