Ахбор

Дар бораи ҶДММ ТАҚХ “Фурӯз ”


Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон барои дар варақаи шакли тасдиқшудаи нав ба расмият давровардани иҷозатномаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди “Фурӯз” барои фаъолияти бонкӣ ҷиҳати анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ розигӣ дода шуд

Иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Фурӯз” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон №0000150 аз 28.03.2022 дода шудааст, аз эътибор соқит гардид.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 983

29.10.2025

Возврат к списку