Ахбор

Иҷозатнома дода шуд


Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “РСМ Тоҷикистон” ҷиҳати фаъолияти аудиторӣ барои аудити ташкилотҳои қарзӣ иҷозатнома дода шуд.

Иҷозатномаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “РСМ Тоҷикистон” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон №165 аз 28.06.2020 дода шудааст, аз эътибор соқит гардид. 

Шуъбаи матбуот 

Telegram  Facebook

Диданд: 1491

04.11.2025

Возврат к списку