Ахбор

Вохӯрии ҷамъбастии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Бонки миллии Тоҷикистон


Дар вохӯрии ҷамъбастии ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) бо масъулини вазорату идораҳои бахши иқтисодии кишвар, ки 5 ноябри соли 2025 дар Бонки миллии Тоҷикистон доир гардид, натиҷаи миссияи ХБА оид ба  шарҳи сеюми татбиқи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсати ХБА барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

01.JPG

Дар суханронии худ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зикр намуд, ки татбиқи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат тибқи нақша сурат гирифта, нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва ҳадафҳои ислоҳоти дар шарҳи сеюм дарҷшуда дар маҷмуъ ба даст оварда шуданд. Дар натиҷаи ислоҳоти пайгирона рушди устувори иқтисодиёти кишвар ба мушоҳида расида, сиёсати пулию қарзӣ самаранокии худро дар нигоҳдории таваррум дар сатҳи поёнтар аз доираи мақсаднок нишон медиҳад. Умедворем, ки тамоюли мусбати рушди иқтисоди кишвар боқӣ мемонад, аммо муваффақияти ин талошҳо ба як қатор омилҳо ва пеш аз ҳама ба суботи иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон вобаста хоҳад буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои таҳкиму устувории иқтисодиёт дар доираи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат, ки ба афзудани устувории буҷет, такмили сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати қурбӣ ва сиёсати бахши молиявӣ, инчунин мусоидат ба рушди устувор ва фарогир нигаронида шудааст, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад кард.

02.JPG

Зимни музокирот инчунин Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, вазири энергетика ва захираҳои об Ҷумъа Далер Шофақир ва роҳбарони як қатор мақомоту идораҳои давлатии кишвар оид ба татбиқи барнома назару пешниҳодҳои худро ироа намуданд.

Роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор Мэтю Гартнер дар изҳороти худ аз натиҷаи мулоқоту вохӯриҳои ҳайати ХБА бо вазорату идораҳо аз тамоюли мусбат доштани нишондиҳандаҳо ва дурнамои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, қайд намуд, ки шарҳу эзоҳи пешниҳодгардида ба инобат гирифта мешаванд.

03.JPG     

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар қисмати ҷамъбастӣ қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти барномаро дарк намуда, барои татбиқи бомуваффақи он ҳамаҷониба талош меварзад. “Мо итминон дорем ки татбиқи барнома ба ҳавасмандгардонии маблағгузории иловагии лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ бо мақсади мусоидат ба рушди устувор ва фарогир кумак хоҳад кард ва дар ин раванд, тавсия ва андешаи коршиносони ХБА муҳим арзёбӣ мегардад. Мо ҷонибдори муколамаи созанда буда, омодаем, ҳамаи он масъалаҳоеро, ки ба вазъи кунунӣ ва қадамҳои минбаъда дахл доранд, муҳокима намоем”.

Шуъбаи матбуот

 

Telegram  Facebook

Диданд: 2805

05.11.2025

Возврат к списку