Ахбор

Конститутсия - ифодагари манфиатҳои мардум ва манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ


5 ноябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ҳамоиш роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунугузорӣ ва ҳуқуқи инсон Шоҳмурод Рустам ва кормандони бонк иштирок намуданд.

01.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни суханронии табрикотӣ қайд намуд, ки “дар таърихи ҳар давлату миллат қабули Конститутсия санаи таърихӣ ба шумор рафта, он роҳи рушди минбаъдаи ҷомеаро муайян мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, дар таърихи давлатдории тоҷикон марҳилаи нави инкишофро оғоз бахшидааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: ”Бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст”.

02.JPG

03.JPG

Иброз гардид, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат пояи низоми сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишварро муайян намуда, рамзи истиқлолият, адолат ва ваҳдати миллӣ мебошад. Қабули он дар таърихи давлатдории миллӣ таҳаввулоти бузург ба вуҷуд оварда, дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши таърихӣ гузошт.

04.JPG

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунугузорӣ ва ҳуқуқи инсон Шоҳмурод Рустам, дар навбати худ, зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи миллат ва шоҳсутуни давлатдории миллӣ буда, дар асоси ормонҳои миллӣ ва арзишҳои инсонӣ таҳия гардид ва ба заминаи устувори ҳуқуқӣ ҷиҳати бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ табдил ёфт. Аз замони қабули он, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист сохтори сиёсӣ ва иҷтимоии худро бар асоси қонун, адолат ва ҳимояи ҳуқуқи инсон шакл диҳад. Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти тамоми сохторҳо, аз Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ то мақомоти суду прокуратураро танзим мекунад. Ҳамаи сохторҳо танҳо дар доираи ваколатҳои дар Конститутсия пешбинишуда амал мекунанд. Ин принсип “волоияти қонун” ном дошта, пояи адолати иҷтимоиро ташкил медиҳад.     

Дар идома, намояндагони созмонҳои ҷавонон ва бонувони бонк вобаста ба ин санади муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ суханронӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон шинохта шуда, мамлакат дар давоми 31 соли баъди қабули он зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳо ва ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешравиҳои бузург ба даст овардааст. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати барномавии давлат ва ҷомеа дурнамои пешрафти кишвари соҳибистиқлоламонро барои солҳои тулонӣ пешбинӣ мекунад. Зимнан таъкид гардид, ки маҳз тавассути эҳтиром ба Конститутсия давлат устувор мемонад, ҷомеа муттаҳид мегардад ва наслҳои оянда дар фазои сулҳу амният зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ, риоя ва ҳифзи Конститутсия вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва меҳанпарвар мебошад.

05.JPG

Дар хотима, раиси Бонки миллии Тоҷикистон иштирокдорони ҳамоишро ба риояи ҳатмии қонунҳо, қабл аз ҳама, меъёрҳои Конститутсия даъват намуд. Гуфта шуд, ки Конститутсия ифодагари манфиатҳои волои мардум, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардум буда, риояву иҷрои он шарти муҳимми эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд ба шумор меравад.

Шуъбаи матбуот

 

Telegram  Facebook

Диданд: 2849

05.11.2025

Возврат к списку