Ахбор

Иштирок дар Форуми минтақавии “Asia Small and Medium-Sized Enterprise Monitor 2025”


Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода 12 ноябри соли ҷорӣ дар Форуми минтақавии “Asia Small and Medium-Sized Enterprise Monitor 2025”, ки бо ташаббуси Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар шаҳри Боку (Ҷумҳурии Озарбойҷон) доир гардид, иштирок намуд. Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои маблағгузории соҳибкории хурду миёна, сиёсати савдо ва имкониятҳои рушди устувори ин бахш дар кишварҳои минтақа муҳокима гардиданд.

01.jpg  

Зимни ҳамоиш иштирокдорон вобаста ба хавфҳои нав дар бозорҳои молиявӣ дар пасманзари шиддат гирифтани танишҳои геосиёсӣ ва таъсири онҳо ба маблағгузории соҳибкории хурду миёна суханронӣ намуда, оид ба тадбирҳои мақомоти танзими молиявӣ ҷиҳати коҳиши хавфҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои алтернативии маблағгузорӣ ба соҳибкорон мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар форум инчунин масъалаҳои марбут ба рушди савдои байналмилалӣ, нақши ҳамкории минтақавӣ дар ин самт ва афзоиши сатҳи фарогирии молиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

02.jpg  

Маврид ба зикр аст, ки дар ҳошияи форум муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо директори иҷроияи Бонки Осиёии Рушд оид ба Ҷопон ҷаноби Шигэо Шимидзу мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд, аз ҷумла рушди низоми молиявӣ, дастгирии соҳибкорони хурду миёна, татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳори назар намуданд. Дар рафти суҳбат инчунин масъалаи кумаки техникӣ бо ҷалби мутахассисону мушовирон ҷиҳати фароҳам овардани заминаи меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои суғуртавӣ баррасӣ гардид.

Намояндаи Бонки Осиёии Рушд Шигэо Шимидзу изҳор дошт, ки пешниҳоди мазкур мавриди омӯзиш қарор дода шуда, имконияти расонидани чунин лоиҳа дида баромада мешавад. 

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 3082

12.11.2025

Возврат к списку