Ахбор

Эълон барои иштирок дар музояда


Бонки миллии Тоҷикистон савдои музоядавии №2 оид ба фуруши воситаҳои асосии қаблан дар истифодабударо дар таърихи 5 декабри соли 2025 эълон менамояд.

Рӯйхати пурраи воситаҳои асосии гуногун иборат аз 280 номгуй дар сомонаи бонк - www.nbt.tj нашр гардидааст.

Қабули дархостҳо барои иштирок дар музояда ва ба қайд гирифтани иштироккунандагон аз рӯзи нашри эълон дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, бо нишонаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1, ошёнаи 14 оғоз ёфта, як рӯз пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад.

Ҷои баргузории музояда – шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1.

Фурӯш бо усули англисӣ сурат мегирад.

Вақти музояда соати 15.00.  

Пардохти кафолатнок барои иштирок кардан дар музояда ба 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як лот баробар аст. Пардохти кафолатнок бо тариқи нақдӣ ва ғайринақдӣ ба суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Маълумоти иловагиро оид ба баргузории музояда аз сомонаи www.nbt.tj. ва ё нишонии зерин дастрас намудан мумкин аст:

         шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1, ошёнаи 14,

         тел: 44 600-32-51; 44 600-25-18;

Telegram  Facebook

Диданд: 3441

13.11.2025

Возврат к списку