14 ноябри соли 2025 ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангию маърифатӣ доир гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад дар оғоз иштирокдорони ҳамоишро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, нақши муҳимми ин санаи таърихиро дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон таъкид намуд.
Номбурда зикр кард, ки барои мардуми кишвар тайи ин солҳо ҳаёту фаъолият ва хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандӯстӣ, хизмат ба Ватан ва ҷомеа ва вафо ба қавлу амал мебошад. Қобили қайд аст, ки дар таърихи давлатдории кишварҳои гуногун шахсиятҳои таърихиву номдор ҳамеша дар шароити ниҳоят мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу оромӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намудаанд, ки яке аз ҳамин гуна шахсиятҳо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар, аз ҷумла бунёду пешрафти низоми бонкии мамлакат муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла, мо ба наздикӣ 25-солагии ба муомилот баровардани пули миллии сомониро ҷашн гирифтем, ки барориши пули миллӣ низ ташаббус ва саҳми бевоситаи Пешвои миллат дар роҳи истиқлолияти иқтисодии кишварамон мебошад.
Қайд карда шуд, ки ҳадаф аз ҷойи баргузории чорабинӣ интихоб шудани Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар он буд, ки дар Осорхона шумораи зиёди аксҳо ва асноду маводҳои марбут ба Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ, инчунин гӯшаи алоҳида оид ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавҷуд аст, ки нақши Пешвои миллатро дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, наҷоти давлату миллат ва таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ бозгӯ намуда, баргузории чунин чорабинӣ ба боло рафтани сатҳи маърифати кормандон, аз ҷумла огаҳии бештар пайдо кардан аз корномаи сиёсии Пешвои миллат мусоидат хоҳад кард.
Дар идомаи чорабинӣ шоир ва сиёсатшиноси шинохта, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Абдуллоҳи Раҳнамо бо маърузаи илмӣ-таърихӣ паҳлуҳои муҳимми фаъолияти сиёсии Пешвои муаззами миллатро дар раванди давлатсозӣ муаррифӣ намуд. Гуфта шуд, ки мардуми кишвар шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро ба тадриҷ ҳамчун роҳбари тавоною пуртаҷриба ва Пешвои воқеии худ ба хушнудӣ пазируфтанд. Аз ин рӯ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» бештар нақши мақоми ҳуқуқӣ бахшидан ба ин воқеияти таърихиро дошт.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода низ дар навбати худ иштирокдоронро бо санаҳои ҷашнӣ табрику таҳният намуда, аҳли ҳамоишро ба тамошои толори махсус, ки ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, даъват намуд. Маврид ба зикр аст, ки дар ин муассисаи бонуфузи фарҳангӣ маълумоту маводи зиёди арзишманди таърихӣ оид ба Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифз мегарданд.
Дар анҷоми ҳамоиш раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳор намуд, ки имрӯз мардуми азизи кишвар ба Пешвои худ бовар дорад ва ба арзишҳои истиқлолият, ки дастоварди бузурги миллиянд, арҷ мегузорад. Дар ҳамин радиф умед дорам, ки кормандони низоми бонкӣ низ ҳамеша бо ҳисси баланди масъулият ва таҳти ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат баҳри рушди устувори соҳа ва ҷорӣ намудани навовариҳои замонавӣ саъю талош хоҳанд намуд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2529
14.11.2025