21 ноябри соли 2025 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Шурои ҳамоҳангсозӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, роҳбарони гурӯҳҳои корӣ ва дигар масъулони татбиқи Стратегия иштирок карданд.
Ҷаласаро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад, ки ҳамзамон раиси Шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ мебошад, ифтитоҳ намуда, рӯзномаи онро ба ҳозирин муаррифӣ кард.
Раиси Шуро Толибзода Ф.Н. таъкид намуд, ки дар замони рушди босуръати зеҳни сунъӣ ва технологияи рақамӣ фарогирии молиявӣ унсури муҳимми дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати молиявӣ ба ҳисоб меравад. Ин раванд дар таъмини рушди устувори низоми бонкӣ ва бахши молиявӣ, таҳкими бахши хусусӣ, беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ, рушди сармояи инсонӣ, сатҳи иҷтимоӣ ва бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нақши назаррас дорад.
Бо мақсади афзоиши дастрасӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба васеъ намудани инфрасохтори пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ, мушаххаскунии фосилавӣ, ҷорӣ намудани механизми бонкдорӣ тавассути интерфейси кушодаи барномавӣ, таъмини ҳамгироии мутақобилаи кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва истифодаи QR-рамзи ягона ва ғайра фароҳам оварда шудааст. Зикр гардид, ки то имрӯз аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои муштариён 16 миллион суратҳисоби бонкӣ кушода шудааст (ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 19,7 фоиз афзудааст). Шумораи кортҳои пардохтии бонкӣ ба 9,6 миллион расид, ки нисбат ба соли 2024 20 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон, шумораи ҳамёнҳои электронӣ ба 16,7 миллион расидааст, ки аз нишондиҳандаи соли гузашта 48,5 фоиз зиёд мебошад.
Сипас роҳбари Кумитаи иҷроияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ Мамадалиев Ф.С. оид ба раванди татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия дар соли 2024 ва нуҳ моҳи соли 2025 ҳисобот дод. Тибқи натиҷаҳо, иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалисозии СМФМ дар давраи зикршуда 51 банд (76%) иҷро гардида, 16 банди чорабинӣ (24%) дар ҳолати иҷро қарор доранд. Дар маҷмуъ, дар самтҳои дастрасӣ, истифода ва сифати хизматрасониҳои молиявӣ нишондиҳандаҳои назаррас ба даст оварда шудаанд.
Дар идома, аз ҷониби дигар аъзои Шуро низ вобаста ба самтҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои амалисозии СМФМ маълумоти муфассал пешниҳод гардида, ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид ба аҳаммияти идомаи корҳо баҳри рушди фарогирии молиявӣ ва густариши имкониятҳои дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ дар ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардид.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1649
24.11.2025