Ахбор

Баррасии тавсеаи ҳамкорӣ дар Люксембург


Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ рӯзҳои 24–25 ноябри соли 2025 дар мизи мудаввари сатҳи баланд таҳти унвони «Муколамаи глобалӣ оид ба роҳбарии занон ва маблағгузории фарогири гендерӣ» ва ҷаласаи пӯшида оид ба устуворӣ, сафарбаркунии захираҳои AFI ва рӯзномаи глобалии молияи сабзи фарогир, ки дар идораи марказии Бонки сармоягузории Аврупо ва Дафтари аврупоии намояндагии AFI дар шаҳри Люксембург баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар рӯзи аввали ҳамоиш, дар мизи мудаввари сатҳи баланд, ки роҳбарони бахшҳои давлатӣ ва хусусиро ҷиҳати омӯзиши равишҳои сиёсат ва бозор барои пешравии фарогирии молиявии занон, пешбурди роҳбарии занон, тавонбахшии иқтисодӣ ва гуногунии институтсионалӣ дар бахши молиявӣ гирд оварда буд, иштирокдорон доир ба таҷрибаҳо дар мавзуи баробарии гендерӣ ва роҳбарии занон дар бахши молияи кишварҳои худ табодули назар намуданд.

01.jpg  

Дар ҷаласаи пӯшида, ки рӯзи 25 ноябр баргузор гардид, иштирокдорон ба масъалаҳои устуворӣ, сафарбаркунии захираҳои AFI ва ташаккули рӯзномаи глобалии молияи сабзи фарогир таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ зимни суханронӣ изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисоди сабзро ҳамчун роҳи муҳимми муосирсозии иқтисод, ҷалби сармоя, таҳкими амнияти энергетикӣ ва устувории молиявӣ дониста, дар сатҳи миллӣ ин раванд бо як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023–2037, Ҳиссаҳои миллии муайяншуда (NDC) ва Нақшаи миллии мутобиқшавӣ (NAP) роҳандозӣ мешавад.

02.jpg

Бонки миллии Тоҷикистон низ омилҳои иқлимиро ба низоми танзим ва назорати молиявӣ ворид намуда, як қатор тадбирҳои нави институтсионалиро аз қабили қабул намудани Нақшаи амал оид ба иҷрои Стратегияи иқтисоди сабз, таъсиси гурӯҳи кории молиякунонии сабз, таҳияи Дастурамали маҳсулоти молиявии сабз ва ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум бо Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд (ЕБРР) дар самти идоракунии хавфҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва иқлимӣ роҳандозӣ кардааст. Ҳамзамон, иштироки фаъол дар шабакаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла NGFS, SBFN ва AFI ба Бонки миллии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва абзорҳои муосири танзими молиявии сабз дастрасӣ пайдо кунад.

Дар ҳошияи чорабинӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо вазири молияи Люксембург Гиллес Рот, мудири асосии иҷроияи AFI Алфред Ханниг, роҳбарияти як қатор бонкҳои марказии кишварҳои аъзои AFI мулоқоти корӣ анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкории дуҷониба, ташкил ва такмили робитаҳои корӣ бо кишварҳои пешрафта, инчунин ҷалби шарикони рушд барои дастгирии татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 1350

26.11.2025

Возврат к списку