Ахбор

Фирдавс Толибзода: Бахши молиявии кишвар ба марҳилаи нави субот, рушд ва шаффофият ворид мешавад


Маҷаллаи маъруфи байналмилалӣ «The Investor» шумораи махсуси худро таҳти унвони «The Investor Tajikistan 2025» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидааст, ки таҳлили муфассали байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқтисодии кишвар ва дурнамои сармоягузории онро фаро мегирад.rais.png

Маҷалла бо пешгуфтори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад, ки дар он дурнамои дарозмуддати кишвар чунин тавсиф шудааст: «Ҳадафи стратегии мо — табдил додани Тоҷикистон ба макони боз ҳам мусоид ва умедбахши сармоягузорӣ мебошад, яъне кишваре, ки барои ҳамкории дарозмуддат боз аст, ба рушди устувор равона гардидааст ва ба иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамгиро мешавад».

Шумораи махсус пур аз таҳлил ва мусоҳибаҳо оид ба тамоюлҳои муосири иқтисодӣ ва имкониятҳои нав дар бахшҳои иқтисоди кишвар мебошад. Мусоҳибаҳои вижа бо роҳбарони сохторҳои давлатӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони байналмилалии рушд раванди ислоҳот, устувории иқтисодӣ ва афзоиши нуфузи минтақавии Тоҷикистонро дар муҳити сармоягузории Осиёи Марказӣ инъикос менамоянд. Дар шумораи мазкур мусоҳибаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад низ нашр гардидааст, ки онро ба хонандагони сомона пешниҳод менамоем:

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи дигаргуниҳои босуръати бахши молия, ки бо афзоиши сармояи хориҷӣ, тақвияти танзим ва таваҷҷуҳи рӯзафзун ба молияи сабзу фарогир алоқаманд мебошад, қарор дорад. Ба туфайли асосҳои устувори макроиқтисодӣ ва нишондиҳандаҳои баланди самаранокӣ, кишвар ба макони ҷолиб барои сармоягузорони хориҷӣ табдил ёфта истодааст.

 - Солҳои охир дар Тоҷикистон афзоиши назарраси сармояи хориҷӣ, бахусус дар бахши бонкӣ ба мушоҳида мерасад. Кадом кафолатҳои ҳуқуқӣ ва ислоҳоти сохторӣ барои ҷалб ва ҳимояи сармоягузорони хориҷӣ амалӣ карда мешаванд?

- Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар самти эҷоди фазои рақобатпазир, бехатар ва шаффофи сармоягузорӣ, бахусус дар бахши молиявӣ, кӯшиш ба харҷ медиҳад. Заминаи ҳуқуқии онро моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ” фароҳам овардааст, ки баробарҳуқуқии сармоягузорони хориҷӣ ва дохилиро кафолат медиҳад. Дар Қонуни мазкур, инчунин мусодира ва милликунонии дороиҳои ба сармоягузорони хориҷӣ тааллуқдошта ба таври мустақим манъ гардидааст.

Бонки миллии Тоҷикистон ислоҳотеро амалӣ кардааст, ки воридшавии сармоягузорони хориҷиро ба бозори бонкӣ осон мекунад. Тартиби иҷозатномадиҳӣ ба таври аниқ муайян карда шуда, муҳлати маҳдуд дорад - дархостҳо барои иҷозатномаҳои нави бонкӣ дар давоми на зиёда аз се моҳ баррасӣ мешаванд. Ҳадди ақали сармояи оинномавӣ барои бонкҳои нав ба андозаи 80 миллион сомонӣ (тақрибан 7,3 миллион доллари ИМА) муқаррар шудааст, ки яке аз нишондодҳои пасттарин дар минтақа мебошад. Ин омилҳо Тоҷикистонро ба сифати яке аз дастрастарин ва фаъолтарин бозорҳо барои сармоягузорӣ ба хизматрасонии молиявӣ муаррифӣ менамоянд.

Дар охири соли 2024 дар низоми бонкии кишвар 65 адад ташкилоти қарзии молиявии дорои иҷозатнома, аз ҷумла, 15 адад бонки анъанавӣ, 1 адад бонки исломӣ, 1 адад ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ, 22 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 адад ташкилоти қарзии хурд ва 23 адад фонди қарзии хурд фаъолият мекард. Аз ҷумла, 13 адад ташкилот бо сармояи пурра ё қисман хориҷии чунин кишварҳо, ба монанди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Швейтсария, Олмон, Эрон, Сингапур, Нидерланд, Чин, Ҷопон ва ғайра фаъолият доранд. Афзоиши ҳиссаи сармояи хориҷӣ аз 8 фоиз дар соли 2019 то 28 фоиз дар охири соли 2024 аз афзоиши эътимоду боварӣ ба муҳити ҳуқуқию танзимӣ шаҳодат дода, стратегияи фаъоли Ҳукуматро барои ҷалби сармоягузорон инъикос менамояд.

- Мехостем дар бораи вазъи молиявӣ ва фаъолияти бахши бонкии Тоҷикистон дар соли 2024 маълумот диҳед?

- Нишондиҳандаҳои бахши бонкӣ дар соли 2024 тамоюли зиёдшавӣ ва болоравиро доро буда, далели марҳилаи нави рушд, устуворӣ ва даромаднокӣ мебошанд. Ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷӣ ба ташкилотҳои молиявӣ ба 5,1 миллиард доллари ИМА расид, ки нисбат ба соли 2023 ба андозаи 77 фоиз зиёд мебошад. Ин афзоиш асосан аз ҳисоби пасандозҳо ва хатҳои қарзии ғайрирезидентҳо ба амал омада, аз барқарор шудани эътимод ба низоми бонкии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Фоидаи софи низоми бонкӣ ба 1,25 миллиард сомонӣ расида, нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли гузашта 24,6 фоиз зиёд мебошад. Даромаднокии дороиҳо (ROA) 2,6 фоиз ва даромаднокии сармоя (ROE) 13,9 фоизро ташкил дода, бозгӯии даромаднокӣ ва идоракунии самараноки бахшро инъикос менамояд.

Илова бар ин, нишондиҳандаи кифоятии сармоя, ки яке аз нишондиҳандаи асосии устувории низоми молиявӣ ба ҳисоб меравад, ба ҳисоби миёна 21,8 фоизро ташкил дода, аз меъёри ҳадди ақал (12 фоиз) ба таври назаррас зиёд аст. Нишондиҳандаи пардохтпазирӣ низ дар сатҳи баланд қарор дошта, ба 78,3 фоиз расидааст, ки тақрибан 2,5 маротиба аз меъёри муқарраргардида зиёд мебошад. Нишондиҳандаҳои мазкур омодагии бахши бонкиро барои рафти таконҳои эҳтимолӣ ва ҳамзамон дастгирии рушди иқтисодӣ нишон медиҳанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол (NPL) ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар охири соли 2024 ҳиссаи NPL танҳо 7,1 фоизи қарзҳои умумиро ташкил дод, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи соли охир (12,5 фоиз) ва нишондиҳандаи соли 2016 (46,8 фоиз) камтар аст. Беҳбудии мазкур асосан аз ҳисоби ҷорӣ гардидани талаботҳо ва стандартҳои нави баррасӣ ва пешниҳоди қарзҳо, тақвияти назорат ва рушду пешрафти пайвастаи ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

- Бонки миллии Тоҷикистон барои дастгирии маблағгузории сабз ва рушди устувор кадом иқдомҳои стратегиро роҳандозӣ намудааст?

- Бонки миллии Тоҷикистон ҳадафҳои гузариши кишвар ба иқтисоди сабзро, ки дар Стратегияи миллии рушди иқтисоди сабз (2023–2037) ва асноди байналмилалӣ, ба монанди Созишномаи Париж, баён гардидаанд, комилан ҷонибдорӣ менамояд. Мо эътироф мекунем, ки бахши молиявӣ бояд фаъолкунандаи асосии сармоягузории ба иқлим мувофиқ ва устувор бошад.

Бахши молиявии Тоҷикистон ба марҳилаи нави субот, рушд ва шаффофият ворид шуда истодааст. Ба шарофати ислоҳоти мақсаднок, назорати боэътимод ва шарикии стратегии ҷаҳонӣ мо низоми устувори бонкиро бунёд менамоем, ки ба ҷалби сармоягузории дарозмуддат ва рушди устувори тамоми соҳаҳои иқтисод мусоидат менамояд.

Бо ин мақсад, мо ба рушди маблағгузории “сабз” тавассути чаҳорчӯбаи сиёсӣ ва тақвият бахшидани иқтидор мусоидат мекунем. Ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон бо шарикони рушд, аз қабили БАТР, КБМ ва БОР, барои ҷалби маблағгузорӣ ба соҳаи энергияи барқароршаванда, кишоварзӣ ва инфрасохтори пойдор ҳамкорӣ мекунанд. Мо инчунин таҳияи воситаҳои нави молиявии “сабз”, аз ҷумла хатҳои қарзии “сабз” ва кафолатҳои лоиҳаҳои мушахассро дастгирӣ мекунем.

Илова бар ин, густариши бонкдории исломӣ ба рушди сармоягузориҳо мусоидат намуда истодааст. Дар моҳи декабри соли 2024 дар кишвар як бонки исломӣ ва се равзанаи исломӣ фаъолият карда, дар маҷмуъ беш аз 138 миллион сомониро дар шакли пасандозҳо ва сармоягузорӣ ҷалб намудаанд. Модели мазкур байни сармоягузороне, ки барои риояи ҳам принсипҳои рушди устувор ва ҳам принсипҳои этикӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, маъруфият пайдо мекунад.

- Дар самти баланд бардоштани шаффофият, суғуртаи пасандозҳо ва қонунигардонии дороиҳо барои тақвияти низоми молиявӣ кадом тадбирҳо андешида шудаанд?

Афзоиши шаффофият ва эътимоду боварии амонатгузорон пайваста дар маркази таваҷҷуҳи мо, ҳамчун мақоми тазимкунанда, қарор дорад. Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи сохтори моликият, сармоя ва нишондиҳандаҳои молиявии ҳар як ташкилоти қарзии молиявӣ маълумоти муфассал нашр мекунад. Самти мазкур далели талошҳои пайваста ҷиҳати мутобиқ кардани низоми назоратии Тоҷикистон бо таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошад.

Мо инчунин низоми суғуртаи пасандозҳоро дар кишвар густариш додем. Аз моҳи марти соли 2023 тибқи тағйиру иловаҳои ба қонунгузорӣ воридшуда, меъёри суғурта то 35 000 сомонӣ зиёд ва доираи пасандоздорони суғурташаванда васеъ гардида, ба он дар баробари шахсони воқеӣ, инчунин соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дохил карда шудаанд. Тағйироти мазкур эътимоди аҳолиро, бахусус миёни амонатгузорон ва соҳибкорони хурд, ба таври назаррас тақвият бахшид.

Рӯйдоди дигари муҳим тамдиди муҳлати амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Сиёсати мазкур, ки барои ҳавасмандгардонии баргардонидан ва қонунигардонии сармояи дохилӣ қабул шуда буд, барои ворид шудани беш аз 8 миллиард сомонӣ ба низоми расмии молиявӣ мусоидат намуд. Муҳлати амали он то соли 2026 тамдид карда шуд, ки ба теъдоди зиёди шаҳрвандон ва корхонаҳо барои эъломия кардани дороиҳо ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди кишвар имкон фароҳам овард.

Дар маҷмуъ, ислоҳоти мазкур бахши молиявии нисбатан бехатар ва рақобатпазирро ба вуҷуд меорад, ки на танҳо рушди дохилиро ҳавасманд месозад, балки таваҷҷӯҳи сармоягузорони хориҷиро ҷалб менамояд.

Шуъбаи матбуот

 

Telegram  Facebook

Диданд: 1651

27.11.2025

Возврат к списку