Ахбор

Мулоқот бо ҳайати Дафтари ҳамкории иқтисодии Конфедератсияи Швейтсария


1 декабри соли равон мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Дафтари ҳамкории иқтисодии Конфедератсияи Швейтсария (SECO) таҳти роҳбарии Дениз Люти - директори Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон ва Роналд Гиндрат - менеҷери барномаҳои минтақавии SECO баргузор гардид.

01.JPG

Зимни мулоқот раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зикр намуд, ки низоми молиявии кишвар тайи солҳои охир ба марҳилаи нави рушди устувор ворид гардида, таҳкими низоми бонкӣ, рушди хизматрасониҳои рақамӣ, афзоиши фарогирии молиявӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ аз дастовардҳои муҳим ба шумор мераванд.

02.JPG

Таъкид гардид, ки лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ «Тақвияти бахши молиявӣ дар Тоҷикистон» (марҳилаи II), ки бо дастгирии SECO амалӣ мегардад, ба татбиқи стандартҳои Basel II–III, таҳким бахшидани назорати ба хавф нигаронидашуда, ҳамгироии хавфҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, такмили инфрасохтори низоми пардохтҳо ва таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат намуд.

03.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби SECO даъват намуд, ки дар такмили минбаъдаи низоми макропруденсиалӣ, таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ дар самти ҳимояи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои рақамӣ ва суғуртавӣ, ташкили барномаҳои омӯзишии иловагӣ, инчунин баррасии имконияти оғози марҳилаи III мусоидат намояд.

04.JPG

Дар идома, таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамоҳангсозии техникии лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ ва SECO «Тақвияти бахши молиявӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

05.JPG

Зимни ҷаласа натиҷаҳои санҷишҳои марҳилавӣ ва пешрафтҳои асосии лоиҳа тавассути рӯнамоҳо манзур гардида, масъалаҳои муҳимми такмили назорати бонкӣ, таҳлили хавфҳо, суботи молиявӣ, рушди бозори коғазҳои қиматнок, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва беҳтарсозии инфрасохтори низоми пардохтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

06.JPG

Баргузории ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозии техникӣ ба ҷонибҳо имкон дод, ки ҳолати ҷории татбиқи лоиҳа, мушкилот ва амалҳои минбаъдаро баррасӣ намуда, барои суръат бахшидани ислоҳот ва тақвияти ҳамкорӣ миёни мақомоти кишвар ва шарикони рушд тавсияву пешниҳод манзур намоянд.

07.JPG

Дар анҷом, бо ишора ба ҳамкории судманди тулонӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва шарикони рушд изҳори умед карда шуд, ки робитаҳо минбаъд низ густариш ёфта, ба таҳкими устувории низоми молиявии кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 686

02.12.2025

Возврат к списку