Ахбор

100-сомонии ҷашнӣ дар озмуни High Security Printing беҳтарин банкнотаи ҷашнии соли 2025 дониста шуд


Банкнотаи ҷашнии Бонки миллии Тоҷикистон бо арзиши 100 сомонӣ, ки ба муносибати 25-солагии барориши пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — сомонӣ ба муомилот бароварда шудааст, дар озмуни байналмилалии High Security Printing дар номинатсияи «Беҳтарин банкнотаи ҷашнӣ дар соли 2025» сазовори ҷоизаи олӣ гардид. Ҷоизаи мазкур дар маросиме, ки 2 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Куала Лумпур (Малайзия) баргузор шуд, ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ супорида шуд.

ҷоизаи пули ҷашнӣ.jpg

Зимни муаррифии пули ҷашнӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо рунамо дар мавзуи “Вақте ки анъанаҳо бо технологияи муосир ва бехатар омезиш меёбанд” ба иштирокдорон оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи 25-соли ба муомилот баровардани пули миллӣ — сомонӣ ва хусусиятҳои банкнотаи пули ҷашнӣ маълумот дод.

Озмуни High Security Printing яке аз озмунҳои бонуфузи ҷаҳонӣ буда, ҳамасола дар доираи конфронсҳои байналмилалӣ барои навовариҳои беҳтарин дар самти таҳияи маблағҳои пулӣ ва ҳуҷҷатҳои дорои сатҳи баланди ҳимоя гузаронида мешавад. Дар озмун ба маҷмуи сифатҳои банкнотаҳо - ороиши бадеӣ, ҳунари тарроҳӣ, навовариҳои технологӣ ва рамзҳо, ки симои фарҳангӣ ва миллии кишвари эмитентро инъикос менамоянд, баҳои касбӣ дода мешавад. Ҷоизаи High Security Printing ба сатҳи баланди ҳимоя ва навовариҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон зимни таҳияи пули миллии ҷашнӣ истифода бурдааст, ишора менамояд.

Банкнотаи ҷашнии арзишаш 100 сомонӣ санаи 30 октябри соли 2025 ба муомилот бароварда шуда, нахустин пули ҷашнии коғазӣ дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба санаи муҳим бахшида шудааст. Мукофоти High Security Printing на танҳо эътирофи байналмилалии сатҳи баланди маҳорати тарроҳон ва мутахассисони ватанӣ, балки ҳамзамон нишондиҳандаи талошҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар истифодаи технологияи пешрафта бо омезиши урфу анъана ва арҷгузорӣ ба ниёгон дар истеҳсоли пули миллӣ мебошад.

P.S. Озмуни High Security Printing озмуни байналмилалӣ буда, яке аз муҳимтарин платформаҳои баҳодиҳии ҳуҷҷатҳои дорои сатҳи баланди ҳимоя мебошад. Дар озмун бонкнотҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои махсуси кишварҳои гуногун аз рӯйи сатҳи ҳифз, тарроҳӣ ва навовариҳои технологӣ аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳогузорӣ мегарданд. 

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 3819

03.12.2025

Возврат к списку