2 декабри соли 2025 таҳти раёсати муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо иштироки муовини сардори Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рабизода Диловар, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, кормандони масъули иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгоҳи марказӣ ва намояндагони шуъбаҳои минтақавии бонк, ки ба таври фосилавӣ ба ҳамоиш пайвастанд, вохӯрии корӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир гардидани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ мусоидат мекунанд, инчунин татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокдорон таъсири манфии коррупсия ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, пайомадҳои он ва роҳҳои пурзӯр намудани мубориза бо ин зуҳуроти номатлубро муҳокима намуданд.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дар суханронии худ зикр кард, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди ҷомеа буда, эътимодро коҳиш медиҳад, муҳити иқтисодиро халалдор месозад ва хилофи принсипҳои адолати иҷтимоӣ амал менамояд. Ҳамин аст, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлол, бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заминаҳои устувори ҳуқуқию ташкили мубориза бар зидди коррупсияро фароҳам овардааст.
Дар идома, муовини директори департаменти аудити дохилии бонк Бӯстоналӣ Холиқов доир ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия иттилоъ дода, ёдовар шуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №222 аз 3 августи соли 2021 Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 тасдиқ гардида, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми соҳавӣ ҳар сол нақшаҳои дохилиидоравии амалисозии онро таҳия ва татбиқ мекунад. Соли ҷорӣ низ бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба муқовимат ба коррупсия тасдиқ гардида, мавриди иҷро қарор дорад.

Муовини сардори Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рабизода Д.Н. низ зимни баромад оид ба зарурат ва муҳиммияти қабулу татбиқи Стратегия суханронӣ намуда, ба оқибатҳои вазнин ва зараровари падида ишора кард. Ӯ бо овардани мисолҳои мушаххас механизмҳои пешгирӣ аз амалҳои коррупсиониро шарҳ дода, иштирокдорони ҳамоишро ба саҳмгузории фаъол дар ин ҷода даъват намуд.
Зимнан, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ низ таъкид кард, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, ҳар як шаҳрванд бояд бо ин зуҳурот муқовимат намояд ва дар пешгирии он саҳми худро гузорад. Номбурда дар пайравӣ ба суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки дар мубориза бо амалҳои коррупсионӣ бетарафӣ раво нест ва ҳар шахс бояд дар раванди ташаккули тафаккури зиддикоррупсионӣ саҳм бигирад.

Дар анҷоми вохӯрӣ зарурати тақвияти доимии корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани муҳити оштинопазир нисбат ба амалҳои коррупсионӣ таъкид гардид.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 4095
03.12.2025