Ахбор

Иҷозатнома дода шуд


Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамен Иншуренс” иҷозатнома барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯйи қоидаҳои мувофиқашудаи суғурта дода шуд.
Иҷозатномаи ҶДММ Ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамен Иншуренс” ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2020, №155 ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртавӣ дода шудааст, аз эътибор соқит гардид.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 963

05.12.2025

Возврат к списку