Ахбор

Ҷаласаи корӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои аудитории дорои ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавӣ


24 декабри соли 2025 таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин Салом ва бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои аудитории дорои ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавӣ, намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

NBTL_01.JPG

Дар кори ҷаласа масъалаҳо оид ба вазъи кунунии низоми суғуртаи кишвар, муҳиммияти санҷиши аудити берунаи ҳисоботҳои муҳосибӣ ва сифати аудити берунаи ташкилотҳои суғуртавӣ, мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дар хулосаҳои аудиторӣ ва чораандешиҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Зимни суханронии худ дар ҷаласа муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ қайд намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати суғуртавӣ баъди ба зиммаи он вогузор кардани ваколати назорати суғуртавӣ корҳои назаррасеро анҷом дод, ки ба ташаккул ва рушди низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуданд.

NBT_02.JPG

Зикр гардид, ки дар заминаи ислоҳоти соҳаи суғуртаи мамлакат дар соли 2025 як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ таҳия ва қабул карда шуданд, ки раванди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии соҳаи суғуртаро пурра ба танзим дароварда, шаффофиятро дар низом таъмин менамоянд, аз ҷумла:

·     Тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ;

·     Тартиби таҳия ва муҳлати пешниҳоди ҳисоботҳои молиявӣ;

·     Феҳристи ҳисобҳои тавозунӣ барои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);

·     Тавсифи ҳисобҳои тавозунӣ барои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ).

Дар идома муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки бо вуҷуди пешравиҳо ва дастовардҳои соҳа, дар самти санҷиши аудити ҳатмии ҳисоботҳои молиявии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) камбудиҳо ба назар мерасанд, ки бартараф намудани онҳо дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои аудиторӣ, Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ мегардад.

NBT_03.JPG

Дар фарҷоми чорабинӣ бо мақсади таъмини шаффофият дар низоми суғурта ва тақвияти боварии аҳолӣ ба хизматрасониҳои суғуртавӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамаи тарафҳои манфиатдор, хусусан ташкилотҳои аудиторӣ, фаъолияти худро бо риояи стандартҳои аудит дар доираи принсипҳои қонуният, беғаразӣ ва поквиҷдонӣ ба роҳ монда, бо истифода аз малакаву салоҳияти касбӣ дар рушди бемайлони соҳаи суғуртаи кишвар саҳмгузор бошанд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 2277

26.12.2025

Возврат к списку