Дар ҷаласаи корӣ, ки 26 декабри соли 2025 таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода ва бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ баргузор гардид, масъалаи таҳияи “Саҳифаи интернетии мутамарказ барои муқоисаи нархҳо/пешниҳодҳо”-и хизматрасониҳои молиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода қайд кард, ки бо мақсади тавсеаи фарогирии молиявӣ дар мамлакат ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ ба аҳолӣ, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №314 “Дар бораи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” қабул гардидааст. Стратегияи мазкур чор самти асосиро дар бар гирифта, яке аз самтҳои муҳимми он таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мебошад.
Зикр гардид, ки дар асоси банди 55 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, ки ба самти “Ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ” марбут аст, дар асоси таклифу пешниҳодҳои воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи “Супориши техникӣ барои таҳияи саҳифаи интернетии мазкур” таҳия карда шуд.
“Таҳия ва фаъол гардонидани “Саҳифаи интернетии мутамарказ барои муқоисаи нархҳо/пешниҳодҳо” дар баробари таъмини дастрасии осони маълумоти саҳеҳу боэътимод дар бораи хизматрасониҳои молиявӣ ба истеъмолкунандагон, ҳамчунин ба ташаккули рақобати солим байни ташкилотҳои қарзии молиявию суғуртавӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои муфиди молиявӣ ба аҳолӣ, беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва дар маҷмуъ рушди устувори низоми молиявии мамлакат мусоидат хоҳад кард”, - иброз дошт Далер Муродализода.
Дар идома оид ба таҳияи “Саҳифаи интернетии мутамарказ барои муқоисаи нархҳо/пешниҳодҳо”-и хизматрасониҳои молиявӣ миёни аҳли нишаст табодули афкор сурат гирифт ва иштирокдорон барои таъмини муназзами фаъолияти он пешниҳодҳои судманд манзур намуданд.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода дар фароварди чорабинӣ аз намояндагони ташкилоти қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ даъват ба амал овард, ки барои таҳия ва татбиқи саҳифаи интернетии мазкур ва таъмин намудани ҳадафҳои пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2537
26.12.2025