Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонем, ки иттилооти дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда дар бораи он ки гӯё Бонки миллии Тоҷикистон бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон мақоми танзиму назорат ва батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ буда, сиёсати пулию қарзиро амалӣ менамояд.
Бонки миллии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла додани қарзро анҷом намедиҳад. Қарзҳо танҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ, тибқи шарту меъёрҳои худи онҳо пешниҳод мегарданд.
Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба хабару иттилооти носаҳеҳ бовар накарда, маълумоти расмиро танҳо аз манбаъҳои боэътимод пайгирӣ намоянд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 804
08.01.2026