Ахбор

Ҷамъбасти вазъи низоми бонкӣ дар соли 2025


8 январи соли 2026 таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс ва бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз, муовинони раис – Икромӣ Сироҷиддин, Назирӣ Гулбаҳор, Муродализода Далер, мудирони шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ва бюроҳои таърихи қарз ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.

NBT1.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон нахуст барои дастгирии доимии рушди низоми бонкӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуда, иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар соли 2025 дар асоси қонунгузории соҳа ва вазифагузориҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” бармеоянд, инчунин тибқи “Самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 ва давраи миёнамуҳлат” роҳандозӣ намуд.

NBT2.jpg

Қайд карда шуд, ки дар соли 2025 сарфи назар аз фазои мураккаби сиёсию иқтисодӣ дар ҷаҳон, дар натиҷаи роҳандозии тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат рушди босуботи иқтисодию молиявӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шуд. Бонки миллии Тоҷикистон низ дар давраи ҳисоботӣ сиёсати мутавозини пулию қарзиро ҷиҳати муътадилии қурби пули миллӣ, таъмини фаъолияти солими низоми бонкии кишвар ва нигоҳдории сатҳи пасти таваррум амалӣ намуд.

NBT3.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамзамон зикр намуд, ки дар Паёми навбатии Сарвари давлат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” ба масъалаи рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, густариши технологияҳои рақамӣ ва густариш додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ, пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, боз ҳам зиёд намудани пешниҳоди қарз ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ ва такмил додани механизмҳои рушди бозори қарзҳои ипотекӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

“Вазифаҳои дар назди низоми бонкии мамлакат аз ҷониби Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ, маҷлисҳои Ҳукумат ва зимни сафару мулоқотҳо ба минтақаҳои кишвар баёншуда, малакаи баланди касбиро аз ҳар кадоми мо тақозо намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо дар ин самт чораҳои саривақтӣ бояд роҳандозӣ карда шаванд” - таъкид намуд Толибзода Фирдавс.

Сипас, роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон (директори департаменти назорати бонкӣ Абдуллоев З.Ҳ., сардори идораи суботи молиявӣ Қурбоналиева Н.М., директори департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор Бояков З.Ғ, директори департаменти мониторинги молиявӣ Мирзоалиев Ҳ.С., директори департаменти низоми пардохт Салоҳиддинов Ш.К., директори департаменти технологияҳои иттилоотӣ Ғаниев Д.Б. ва сардори идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Ҳакимзода А.А.) оид ба вазъи низоми бонкӣ дар соли 2025, таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати асъорӣ, фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти мониторинги молиявӣ, татбиқи сиёсати самараноки низоми пардохт ва таҳдидҳои киберӣ, инчунин баҳогузории хизматрасониҳои низоми бонкӣ тариқи рӯнамо суханронӣ намуданд.

NBT4.JPG

Зимни муҳокимаи масъалаҳо намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати андешидани чораҳо дар самти кам кардани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол, мукаммал намудани таъминоти барномавӣ, андешидани тадбирҳо вобаста ба ҳолатҳои қаллобӣ ва ҳамлаҳои киберӣ, зиёд намудани ҳиссаи дороиҳои даромаднок, таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷрои саривақтии талаботи дастурамалҳои БМТ, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои бонкӣ дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло зимни суханронӣ изҳор дошт, ки низоми бонкӣ дар татбиқи самараноки сиёсати иқтисодии давлату ҳукумат, таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, ташаккули бахши хусусӣ, рушди соҳибкорӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ саҳми беандоза дорад.

Зикр гардид, ки нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкӣ дар соли 2025 беҳтар гардида, васеъ шудани доираи хизматрасониҳо ба мушоҳида мерасад. Ҳамзамон, қайд гардид, ки новобаста аз ин, барои фаъолияти устувори низоми бонкӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ ташкилотҳои қарзии молиявиро зарур аст, ки ҷиҳати пурра ҷорӣ намудани низоми рақамии хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ва истифодаи васеи технологияҳои молиявӣ, инчунин беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

NBT5.JPG  

Дар ҷамъбасти ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадор карда шуданд, ки барои таъмин намудани фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, пурзӯр намудани низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, мустаҳкам намудани заминаи сармоявӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳо, ба роҳ мондани назорати қатъии амалиётҳои асъорӣ, гузаронидани аудити ҳамаҷонибаи соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, пешгирии амалҳои қаллобӣ, тавсеаи инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ва саривақт баррасӣ намудани арзу шикоятҳо нисбат ба хизматрасониҳои бонкӣ чораҳои дахлдор андешида, баҳри татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва рушди низоми бонкӣ пайваста кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Дар интиҳо, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайдгардида дар таъмини рушди устувори иқтисоди Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 260

09.01.2026 11:24:00

Возврат к списку