Ахбор

Ҷаласаи корӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти низоми суғурта дар соли 2025


Санаи 8 январи соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси бонк Сироҷиддин Икромӣ ва бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ ҷаласаи корӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти низоми суғурта дар соли 2025, дастовардҳо ва самтҳои минбаъдаи рушди соҳа баргузор гардид.

NBT01.JPG

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки новобаста ба вазъи мураккаби иқтисодиву сиёсии ҷаҳон ва тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои гуногуни он нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар дар соли сипаришуда бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст гардида, фаъолияти низоми суғурта низ тамоюли устувори рушдро идома додааст.

Қайд карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти минбаъдаи низоми суғурта дар соли ҳисоботӣ як қатор тадбирҳои муҳимро амалӣ намуд. Аз ҷумла, бо мақсади вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ якҷо бо Вазорати молия ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он анҷом додани амалиётҳои суғуртавӣ ба шакли ғайринақдӣ пешбинӣ мегардад.

NBT02.JPG

Ҳамзамон, дар соли 2025 як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии танзимкунанда, аз қабили “Тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ”, “Тартиби таҳия ва муҳлати пешниҳоди ҳисоботҳои молиявӣ”, “Феҳристи ҳисобҳои тавозунӣ барои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва Тавсифи ҳисобҳои тавозунии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)” ва “Номгӯйи маълумоти тавсиявӣ барои нишон додан дар полиси суғуртавӣ” таҳия ва мавриди амал қарор дода шуданд, ки раванди муосири баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии соҳаро бо назардошти истифодаи самараноки захираҳои суғуртавӣ таъмин менамоянд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳияшуда инфрасохтори асосии низоми суғуртаи кишварро ташаккул дода, минбаъд барои аз байн бурдани номуайяниҳои амалиётҳои суғуртавӣ ва тақвияти эътимод ба баҳисобгирии молиявию хоҷагидории ташкилотҳои суғуртавии дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолияткунанда мусоидат менамоянд. Ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои гузариши пурра ба раванди рақамии идораи молияи давлатӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисобдорӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ дар ҳама субъектҳои хоҷагидор, сарфи назар аз шакли моликият, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ гардидааст, мусоидат менамоянд.

NBT03.JPG

Дар идомаи ҷаласа зикр карда шуд, ки бо мақсади рушди устувори соҳа лоиҳаи «Стратегияи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба рушди низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» таҳия гардид, ки дурнамои миёнамуҳлати рушди низоми суғуртаи мамлакатро муайян менамояд.

Дигар навоварии муҳимми соҳа дар соли сипаришуда рақамикунонии фаъолияти суғуртавӣ арзёбӣ гардид, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ» таҳия гардид, ки айни замон дар марҳилаи ниҳоии татбиқ қарор дорад. Дар марҳилаи аввал ба ин низом “Махзани маълумоти суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт“ пайваст карда шуда, минбаъд давра ба давра ҳама намудҳои суғурта ба он фаро гирифта хоҳанд шуд.

Дар идомаи ҷаласа сардори идораи назорати суғуртавӣ Бобурхон Бобоев оид ба ҷамъбасти фаъолияти низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 тариқи рӯнамо суханронӣ карда, доир ба фарогирии низоми суғуртаи кишвар, нишондиҳандаҳои асосии соҳа, риояи талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои мақбули мақоми назорати суғуртавӣ, мониторинги ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар низоми суғурта ва дурнамои рушди он маълумот пешниҳод намуд.

NBT04.JPG   

Зимни муҳокимаи масъалаҳо намояндагони ташкилотҳои суғуртавӣ вобаста ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва ҳадафҳои гузошташуда ҳисобот дода, вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, гузариш ба низоми рақамӣ, тибқи талаботи қонун баррасӣ намудани муроҷиати суғурташавандагон, таъмини принсипи шаффофият, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосир, таъсиси филиалу намояндагиҳо, вусъат додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ ва ба таври ғайринақдӣ анҷом додани ҳама гуна амалиёти суғуртавӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

NBT05.JPG

Дар ҷамъбасти ҷаласа муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ таъкид намуд, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати кишвар, амалӣ намудани нақшаю вазифаҳои гузошташуда ва табдил додани низоми суғурта ба яке аз бахшҳои муҳим ва тараққикардаи низоми молиявии кишвар аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ ва муассир роҳандозӣ шаванд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 218

09.01.2026 11:27:00

Возврат к списку