Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди “Доро Молия” тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома барои фаъолияти ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ҷиҳати анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пулӣ миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.
Диданд: 2084
12.01.2026