Ахбор

Раванди гузаронидани баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар соҳаи муомилоти дороиҳои маҷозӣ


Дар доираи ҳамкорӣ бо Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (ҚД/МТ/МПСҚО) дар соҳаи муомилоти дороиҳои маҷозӣ оғоз гардид.

NBT_01.JPG

Бо ин мақсад аз 19 то 23 январи соли 2026 коршиноси сатҳи байналмилалӣ хонум Грета Барскайнскене бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, ки дар доираи он дар Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори кишвар як қатор вохӯриҳои дуҷонибаю бисёрҷониба баргузор гардиданд.

Дар вохӯриҳои мазкур масъалаҳои марбут ба гузаронидани баҳодиҳии хавфҳои ҚД/МТ/МПСҚО дар соҳаи муомилоти дороиҳои маҷозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни мулоқот раванд ва методологияи баҳодиҳии хавфҳо, таҷрибаи байналмилалӣ дар самти танзим ва назорати дороиҳои маҷозӣ, инчунин хавфҳои эҳтимолии вобаста ба истифодаи онҳо барои мақсадҳои ғайриқонунӣ муҳокима карда шуданд. Иштирокдорон зарурати таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва такмили заминаи меъёрии ҳуқуқиро дар ин самт таъкид намуданд.

NBT_02.JPG

Қайд гардид, ки натиҷаҳои баҳодиҳии хавфҳо метавонанд ҳамчун асос барои таҳияи тадбирҳои минбаъдаи танзим ва баланд бардоштани самаранокии чораҳои пешгирӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳои марбут ба дороиҳои маҷозӣ мавриди истифода қарор дода шаванд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ, табодули иттилоот ва татбиқи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар раванди баҳодиҳии хавфҳо изҳор намуданд.

Департаменти мониторинги молиявӣ

 

 

Telegram  Facebook

Диданд: 1724

26.01.2026

Возврат к списку