Рӯзҳои 29–30 январи соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бо ҷалби коршиносони ширкати байналмилалии “ARGOS” машғулиятҳои омӯзишӣ таҳти унвони «Баланд бардоштани савияи дониши кормандони комплаенс дар самти тиҷорати байналмилалӣ» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ, бахусус кормандони бахши комплаенс, дар самти риояи талаботи байналмилалӣ ва идоракунии хавфҳо дар фаъолияти тиҷорати байналмилалӣ роҳандозӣ карда шуд.
Семинарро санаи 29 январи соли 2026 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ таъкид кард, ки сарфи назар аз роҳандозии ислоҳотҳои гуногун дар низоми бонкии кишвар, бо дарназардошти пешгӯинашаванда будани вазъи геосиёсӣ ва иқтисодии минтақа ва ҷаҳон, хавфу хатарҳои гуногун ҳамоно боқӣ мемонанд. Дар чунин шароит риояи қатъии талаботҳои байналмилалӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ ва дар ин замина омӯзиши пайвастаи кормандон, бахусус кормандони бахши комплаенс, ки масъулияти риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, пешгирӣ ва назорати амалиётҳои ғайриқонунӣ ва шубҳанокро бар дӯш доранд, аҳаммияти муҳим дорад.
Зикр гардид, ки мубодилаи таҷриба ва иттилоот байни коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ дар ҷараёни машғулиятҳо ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии иштирокчиён мусоидат хоҳад кард.
Роҳбари Дафтари Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Холгер Вифел, ки дар маросими ифтитоҳӣ иштирок дошт, ҳамкории мутақобиларо бо Бонки миллии Тоҷикистон дар солҳои охир судманд арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти рушди иқтидори кадрии кормандони низоми бонкӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ, инчунин татбиқи ташаббусҳое, ки ба рушди низоми молиявии кишвар равона шудаанд, иброз намуд.
Дар доираи барномаи семинар, рӯзҳои 29-30 январи соли ҷорӣ коршиносони ширкати байналмилалии “ARGOS” барои намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ дар мавзӯъҳои марбут ба тиҷорати байналмилалӣ, идоракунии хавфҳо ва риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ машғулиятҳои омӯзишӣ баргузор намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки машғулиятҳои мазкур ҳамчун майдони мубодилаи афкор истифода бурда шуда, иштирокдорон имкон пайдо мекунанд, ки донишу таҷриба ва малакаҳои амалии заруриро дар самти тиҷорати байналмилалӣ такмил дода, сатҳи омодагии касбии худро дар ин бахш тақвият бахшанд.
Департаменти мониторинги молиявӣ
Диданд: 1172
02.02.2026