13 феврали соли 2026 Агентии байналмилалии рейтингии “S&P Global Ratings” рейтинги дарозмуддати соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дараҷаи «B/B» тасдиқ намуда, дурнамои онро аз сатҳи “устувор” ба “мусбат” тағйир дод.
Тағйири мусбати дурнамо ба омилҳои зерин, аз қабили таҳкими захираҳои байналмилалӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва беҳтар гардидани муколама бо шарикони байналмилалӣ вобаста мебошад. Ҳамзамон, афзоиши захираҳои байналмилалӣ имконият фароҳам овард, ки уҳдадориҳои кишвар оид ба хизматрасонии қарзи беруна саривақт иҷро гардида, фишори эҳтимолӣ ба тавозуни пардохт коҳиш дода шавад. Дар ин замина, ҷалби маблағгузории иловагии имтиёзнок аз ҷониби шарикони рушд низ ҳамчун омили мусоидаткунанда зикр мегардад.
Баланд бардоштани дурнамои рейтинг ба сатҳи “мусбат” нишондиҳандаи эътирофи пешрафтҳо дар самти идоракунии устувори макроиқтисодӣ, нигоҳдории интизоми молиявӣ ва таҳкими пояҳои иқтисоди миллӣ мебошад.
Шакли пурраи маълумотро аз ин ҷо дарёфт мекунед: https://www.spglobal.com/ratings/en/regulatory/article/-/view/type/HTML/id/3517691#
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2739
16.02.2026