Ахбор

Ҳашари шанбегӣ баҳри ободониву созандагӣ


7 марти соли ҷорӣ бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳудуди бонк ва атрофи он маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ин шанбегӣ кормандон дар тоза намудани саҳни бино аз алафҳои бегона ва худрӯй, кабудизоркунии муҳити атроф, шинондани ниҳолҳои ороишӣ ва нарм кардани бехи дарахтони сояафкан саҳми худро гузоштанд.

photo_01.jpg

Қобили зикр аст, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва инчунин сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Бонки миллии Тоҷикистон пайваста шанбегиҳо ва дигар корҳои ободониву кабудизоркунӣ гузаронида мешавад.

photo_02.jpg

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 1725

10.03.2026

Возврат к списку