Ахбор

Наврӯз - ҷашни ваҳдату ҳамдилӣ


18 марти соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳти раёсати раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва бо иштироки роҳбарияту кормандон, инчунин адабиётшинос Низом Нурзода ва собиқадорони бонк чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

NBTL7596.JPG 

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аҳли нишастро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз ва эҳёи табиат шодбош гуфта, қайд намуд, ки Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ба шумор рафта, аз замонҳои қадим то имрӯз мардумро бо арзишҳое чун ваҳдату ҳамдилӣ, созандагию ободкорӣ, дӯстиву инсонпарварӣ ва эҳтироми табиат муттаҳид месозад.

Таъкид гардид, ки маҳз бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯз қатънома қабул намуд. Ва имрӯзҳо ин ҷашни бостонӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон бо шукӯҳ таҷлил мегардад.

NBTL7847.JPG NBTL7818.JPG  

Зимни суханронӣ инчунин зикр гардид, ки Наврӯз ҷашни ваҳдату ҳамдилист ва воқеаҳои пуртаниши ҷаҳони имрӯз, аз ҷумла низоъҳои мусаллаҳона дар баъзе минтақаҳо, боз ҳам аҳаммияти сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиро таъкид мекунанд. Маҳз ваҳдату ҳамдилӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии худ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар — ба пешрафтҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардад.

Қайд карда шуд, ки вазифаи муҳимми ҷомеа тарбияи солими насли наврас, бахусус ҷавонон мебошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва худшиносии миллӣ тарбия ёбанд ва аз таъсири андешаҳои ифротгароӣ ва ҳаракатҳои бегона эмин нигоҳ дошта шаванд.

NBTL7612.JPG

Сипас адабиётшинос Низом Нурзода дар бораи таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз, аҳаммияти фарҳангӣ ва суннатҳои неки он суханронӣ намуда, нақши ин ҷашни бостониро дар рушди фарҳанги миллӣ шарҳу тавзеҳ дод.

NBTL7515.JPG

NBTL7829.JPG

Дар идома, сардори шуъбаи тарҷумаи Бонки миллии Тоҷикистон, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Баротзода Султон Ҳасан дар бораи яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти классикии тоҷик — Робиаи Балхӣ ва тасвири баҳору Наврӯз дар эҷодиёти ӯ суханронӣ кард.

NBTL7799.JPG

Дар қисмати фарҳанг-фароғатии чорабинӣ намояндагони созмони ҷавонони бонк ва санъаткорони шинохта бо қироати шеъру таронаҳои наврӯзӣ фазои идонаи ҳамоишро боз ҳам гарму самимӣ гардониданд.

NBTL7776.JPG

NBTL7754.JPG

Қобили қайд аст, ки тибқи анъанаи нек, дар доираи чорабинии тантанавӣ ғолибони мусобиқаҳои варзишие, ки бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз миёни воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардида буд, бо диплому ҷоиза ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Шуъбаи матбуот

 

 

 

Telegram  Facebook

Диданд: 2757

18.03.2026

Возврат к списку