Дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ аз ҷониби ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, бо иштироки вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқизода Завқӣ ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ Амирзода Пайрав, дар шаҳри Вашингтон як қатор мулоқотҳои сатҳи баланд анҷом дода шуд.
Аз ҷумла, 14 апрели соли 2026 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани мулоқот намуд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо, инчунин масоили ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ гардид. Зикр карда шуд, ки Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчун шарики калидии стратегӣ дар пешбурди ислоҳоти сохторӣ, рушди инфрасохтор, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва таъмини рушди устувору фарогири иқтисоди Тоҷикистон саҳми назаррас дорад. Аз ҷумла, ҳамкории муваффақ дар татбиқи лоиҳаҳои муҳимми энергетикӣ, бахусус Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҳамчун омили асосии таъмини истиқлоли энергетикӣ ва рушди «иқтисоди сабз» таъкид гардид.
Зимни муаррифии вазъи макроиқтисодӣ қайд карда шуд, ки ислоҳоти пай дар пай ва дастгирии шарикони байналмилалӣ ба таҳкими суботи макроиқтисодӣ ва нигоҳ доштани суръати баланди рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна афзоиши воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ду моҳи аввали соли 2026 ба 8 фоиз расидааст. Ҳамзамон, рушди босуръати бахши бонкӣ ва рақамисозии хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ ва васеъ гардидани истифодаи воситаҳои муосири пардохт, ҳамчун нишондиҳандаи муҳимми таҳаввулоти низоми молиявӣ арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои густариши ҳамкориро дар самтҳои молияи сабз, рушди устувор, рақамисозии бахши молиявӣ ва тақвияти фарогирии молиявӣ баррасӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкории созанда ва дарозмуддат таъкид карданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 108
14.04.2026