Ахбор

Машварати мудирони ХБА аз кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ


16 апрели соли 2026 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳории ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ бо муовини директори идоракунандаи ХБА ҷаноби Бо Ли иштирок намуд.

Дар ҳамоиши сатҳи баланд вазъи кунунии ҳамкориҳои иқтисодӣ дар минтақа, таҳкими ҳамгироии тиҷоратӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва тавсеаи маблағгузории «сабз» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

хабари 4 - машварат.jpg   

Зимни суханронии ҳайати кишвар қайд карда шуд, ки рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи суботи макроиқтисодӣ, сатҳи муътадили таваррум ва устувории низоми бонкӣ идома дорад. Таъкид гардид, ки дар доираи татбиқи барномаи ҳамкорӣ бо Хазинаи Байналмилалии Асъор, бахусус барномаи Фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI), Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои такмили идоракунии молияи давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, тақвияти шаффофият ва идоракунии қарзи давлатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Ҳамзамон, зикр карда шуд, ки ба таҳкими устувории иқтисодӣ, диверсификатсияи содирот, рушди бахши хусусӣ ва идомаи ислоҳоти сохторӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Зимнан таъкид гардид, ки ҳамкорӣ дар бахши гидроэнергетика барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калидӣ дошта, татбиқи лоиҳаҳои бузург, аз ҷумла НБО «Роғун», метавонад тавассути таъмини неруи барқи тоза ба таҳкими суботу амнияти энергетикии кишвар ва минтақа мусоидат намояд.

Дар ҷараёни ҳамоиш густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ҳамчун омили муҳими истифодаи самараноки иқтидори иқтисодӣ арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки идомаи муколамаи мунтазам миёни кишварҳои узви электорат ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар таъмини суботи молиявӣ ва рушди устувори иқтисодӣ нақши муҳим мебозад.

хабари 4 - Бо Ли.jpg   

Ҳамин рӯз, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар машварати нисфирӯзии мудирони ХБА аз кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд.

Дар ҷараёни машварат ба иштирокдорон шарҳи вазъи монетарии минтақа пешниҳод гардида, иштирокдорон доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла номуайяниҳои иқтисоди ҷаҳонӣ, ноустувории бозорҳои молиявӣ, маблағгузории лоиҳаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, омодасозии бахшҳои молиявӣ ба иқтисоди «сабз», баланд бардоштани сатҳи устувории низомҳои молиявӣ ва нақши мақомоти танзимгар дар коҳиш додани хавфҳои иқлимӣ мубодилаи афкор намуданд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 14

16.04.2026

Возврат к списку