Ахбор

Вохӯрии бо ҳайати Департаменти бозорҳои сармоя ва сиёсати пулии ХБА


16 апрели соли 2026 дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтон мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндагони Департаменти бозорҳои сармоя ва сиёсати пулии ХБА баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми таҳкими устувории низоми молиявӣ, идомаи ислоҳоти бахши бонкӣ ва густариши ҳамкориҳои техникиро баррасӣ намуданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкории мутақобила бо ХБА, бахусус дар самти такмили омори пулӣ ва молиявӣ, баланд бардоштани сифати маълумоти таҳлилӣ ва мутобиқсозии он ба стандартҳои байналмилалӣ изҳори сипос намуда, қайд кард, ки марҳилаи аввали кӯмаки техникӣ бо натиҷаҳои назаррас анҷом ёфта, оғози марҳилаи дуюм дар соли ҷорӣ интизор меравад.

сурати хабари 5.jpg  

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти низоми назорати бонкӣ дар асоси хавфҳо ва ҷорӣ намудани фишангҳои макропруденсиалиро муҳокима намуда, ба зарурати таҳкими низомҳои комплаенс, назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, аз ҷумла дар шароити таъсири омилҳои беруна ва маҳдудиятҳои таҳримӣ таъкид намуданд. Дар мулоқот, инчунин масъалаҳои марбут ба танзими амалиёт бо дороиҳои рақамӣ ва рушди омори устувории молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар анҷом ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкории зич дар доираи барномаҳои кӯмаки техникии ХБА, табодули таҷриба ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ таъкид намуда, ин равандро барои таъмини устувории низоми молиявии Тоҷикистон ва мутобиқшавӣ ба стандартҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 15

17.04.2026

Возврат к списку