Ахбор

Мулоқот бо як қатор ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ


Дар доираи ҷаласаҳои баҳории ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндагони як қатор муассисаҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла бонкҳо мулоқот анҷом дод.

13 апрели соли ҷорӣ дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони “Crown Agents Bank” масъалаҳои кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, рушди хизматрасониҳо дар самти идоракунии дороиҳо (кэш-менеҷмент) ва таҳкими инфрасохтори пардохтҳои фаромарзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қобили қайд аст, ки муассисаи молиявии мазкур бо бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои молиявии кишварҳои гуногун ҳамкории фаъол дошта, метавонад дар тақвияти дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявии байналмилалӣ, таъмини амнияти пардохтҳо ва дастгирии амалиёти иқтисодии хориҷии Тоҷикистон саҳми муассир гузорад.

сурати 1 хабари 7.jpg

Дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони “Numisma Bank”, ки рӯзи 16 апрели соли 2026 баргузор гардид, ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкориро дар самти таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои байналмилалӣ ва тақвияти инфрасохтори интиқоли асъори нақд баррасӣ намуда, дар ин замина шартномаи ҳамкорӣ ҷиҳати истифодаи механизмҳои муосири хизматрасонии бонкӣ баста шуд. Маврид ба зикр аст, “Numisma Bank” ҳамчун бонки инноватсионии дорои дастрасии мустақим ба низоми Федералии захиравии ИМА метавонад барои таҳкими самаранокии амалиёти асъорӣ ва густариши имкониятҳои хизматрасонии байналмилалӣ шарики боэътимод бошад.

нумисма банк.jpg

Ҳамчунин, 17 апрели соли 2026 раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки федералии захиравии Ню-Йорк (Federal Reserve Bank of New York) мулоқот анҷом дод. Зимни гуфтушунид ҷонибҳо раванди муносибатҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро муҳокима ва баррасӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки Бонки федералии захиравии Ню-Йорк яке аз 12 бонки минтақавии ИМА мебошад, ки ба ҳайати Низоми федералии захиравии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ФРС) дохил мешавад. Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 1998 бо Бонки федералии захиравии Ню-Йорк муносибатҳои муросилотӣ дошта, ин ҳамкорӣ барои анҷом додани амалиёти байналмилалии молиявӣ, хизматрасонӣ ба пардохтҳои давлатӣ ва таҳкими идоракунии захираҳои байналмилалӣ заминаи муҳим фароҳам овардааст.

Дар маҷмуъ, мулоқотҳои баргузоргардида ҳамчун қадами муҳим дар самти тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии молиявӣ, таҳкими инфрасохтори пардохтҳои фаромарзӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии захираҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегарданд. 

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 17

17.04.2026

Возврат к списку