Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз дар Форуми баландпоя оид ба идоракунии дороиҳо ва захираҳои байналмилалӣ, ки рӯзҳои 20–21 апрели соли 2026 дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, иштирок намуд.
Форуми мазкур дар доираи Барномаи шарикии машваратӣ ва идоракунии захираҳои байналмилалӣ (RAMP)-и Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ташкил гардида, ҳамасола намояндагони сатҳи баланди бонкҳои марказӣ, фондҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар ниҳодҳои марбутро ба ҳам меорад.
Дар доираи кори Форум масъалаҳои муҳимми вобаста ба дурнамои рушди макроиқтисодӣ дар шароити номуайяниҳои бозорҳои ҷаҳонӣ, идоракунии дороиҳои давлатӣ дар вазъи буҳронӣ, тақсимоти стратегии дороиҳо, арзёбии хавфҳои эҳтимолӣ, инчунин татбиқи технологияҳои рақамӣ дар идоракунии захираҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Форуми мазкур ҳамчун платформаи муҳим барои мубодилаи таҷриба, баррасии тамоюлҳои нави бозор ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти идоракунии самараноки дороиҳо ва захираҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
Иштироки намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд барои омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва такмили равандҳои идоракунии захираҳои байналмилалии кишвар мусоидат намуда, заминаи мусоидро барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда бо шарикони байналмилалӣ фароҳам меорад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 128
22.04.2026