Дар доираи Форуми баландпоя оид ба идоракунии дороиҳо ва захираҳои байналмилалӣ муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз бо директори Барномаи шарикии машваратӣ оид ба идоракунии захираҳои байналмилалӣ (RAMP)-и Хазинадории Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ хонум Катаржина Зайдел-Куровска мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориро дар самти идоракунии захираҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ба густариши ҳамкорӣ дар самти таҷрибаомӯзӣ, табодули дониш ва такмили иқтидори касбӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Қайд гардид, ки тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт барои татбиқи усулҳои муосири идоракунии захираҳо ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Ҳамзамон, дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба тавсеаи ҳамкорӣ дар самти идоракунии берунаи дороиҳо, инчунин андешидани тадбирҳои зарурӣ барои оғози сармоягузории мустақими Бонки миллии Тоҷикистон ба коғазҳои қиматноки давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда ва татбиқи муштараки ташаббусҳо дар самти идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ таъкид намуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 124
22.04.2026