Ахбор

Муқовимат ба коррупсия – омили муҳимми рушди давлат


30 апрели соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини раиси бонк Сироҷиддин Икромӣ ва бо иштироки нозири калони Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Одил Абдуллозода, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон ва кормандони масъули татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷамъомади корӣ баргузор гардид.

2.JPG

Дар рафти ҳамоиш масъалаҳои муҳимми марбут ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026–2030), инчунин оқибатҳои манфии кирдорҳои коррупсионӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

1.JPG

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ зимни суханронӣ қайд намуд, ки "коррупсия дар радифи дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, амaлҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ба рушди иқтисодиёт ва эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ мерасонанд”.

Бо ишора ба суханҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки “Коррупсия эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.” Дар ин замина, зарурати истифодаи усулҳои муосири пешгирӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар байни кормандон ва ҷомеа муҳим арзёбӣ гардид.

3.JPG

Қайд карда шуд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши истифодаи воситаҳои электронии пардохт, ҳамзамон хавфҳои нав, аз ҷумла қаллобӣ, истифодаи ғайриқонунии кортҳои пардохтӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба ҳар гуна аҳромҳои молиявии фиребанда низ афзоиш ёфтааст. Дар робита ба ин зикр гардид, ки баланд бардоштани маърифати молиявию ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷорӣ намудани механизмҳои муассири зиддикоррупсионӣ аз вазифаҳои муҳимми низоми бонкӣ ва низоми суғурта ба ҳисоб мераванд.

Дар идомаи чорабинӣ намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Абдуллозода О.Т. ва директори департаменти аудити дохилии Бонки миллии Тоҷикистон Боронов А.Т. доир ба ҷамъбаст ва натиҷаҳои марҳилаи якуми Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1145 аз 6 марти соли 2026, нақшаи чорабиниҳои марҳилаи дуюми амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, иҷрои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва тадбирҳои амалии пешгирии омилҳои коррупсионӣ суханронӣ намуданд.

4.JPG

Дар фароварди ҳамоиш таъкид гардид, ки муқовимат ба коррупсия барои ҳар як ниҳоди давлатӣ, бахусус барои низоми бонкӣ, аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Зеро шаффофияти амалиётҳо, риояи қонунгузорӣ ва назорати самараноки дохилӣ заминаи асосии эътимоди ҷомеа ва суботи молиявӣ мебошанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионӣ, масъулияти шахсӣ ва роҳ надодан ба ҳар гуна омилҳои коррупсионӣ аз вазифаҳои муҳимми кормандони низоми бонкӣ ба шумор меравад. 

Шуъбаи матбуот

 

Telegram  Facebook

Диданд: 0

30.04.2026

Возврат к списку