Ахбор

Баргузории ҷаласаи корӣ дар доираи лоиҳаи кӯмаки техникии Вазорати молияи ИМА


30 апрели соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи кӯмаки техникии Вазорати молияи ИМА ҷаласаи кории маҷозӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, мушовири калони хизматрасониҳои бонкию молиявии Раёсати кумакҳои техникии Вазорати молияи ИМА Паула Ҷонс, коршиноси байналмилалӣ Карина Тоселли ва намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

NBTL9106.JPG  

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба мониторинг ва таҳлили корҳои амалигашта, баррасии монеаҳои мавҷуда ва муайян намудани роҳҳои ҳалли онҳо дар самти рушди низоми суғуртаи кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Қайд гардид, ки дар натиҷаи ҳамкории самараноки дуҷониба заминаи муҳим барои рушди соҳаи суғурта фароҳам оварда шуда, инфрасохтори асосии он тавассути ҷорӣ намудани механизмҳои муосири муҳосибот ва танзими амалиётҳои суғуртавӣ бо дарназардошти Принсипҳои Асосии Суғурта ташаккул ёфтааст. Дар ин замина, мақомоти назорати суғуртавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқ намудани низом ба стандартҳои байналмилалӣ ва таҳкими иқтидори танзимию назоратӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

NBTL9113.JPG  

Дар идома коршиноси байналмилалӣ Карина Тоселли масъалаҳои марбут ба ҳисоботи молиявии ташкилотҳои суғуртавиро таҳлил намуда, ҷиҳати такмили онҳо ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда тавсияҳои амалӣ пешниҳод кард.

Дар анҷоми ҷаласа муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳор дошт, ки татбиқи нақшаҳои пешбинишудаи лоиҳа то соли 2030 идома ёфта, барои рушди устувор ва такмили минбаъдаи низоми суғуртаи кишвар заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 39

30.04.2026

Возврат к списку