Ахбор

Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва ширкати “OG Research”


Санаҳои 13–14 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Прага, дар доираи сафари кории ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон – Шарифзода Фируз Ҳомиддин, сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷумъазода Маҳмуд, сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳмонзода Зафар ва директори департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушди Бонки миллии Тоҷикистон – Убайдуллоев Диловар як қатор мулоқотҳои судманд бо намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва ширкати “OG Research” анҷом дода шуданд.

photo_2026-05-13_19-00-13.jpg

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои пешбурди сиёсати самараноки пулию қарзӣ тибқи таҷрибаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи реҷаи ҳадафгирии таваррум, пешгирии таъсири омилҳои манфии монетарӣ ба сатҳи таваррум, истифодаи моделҳои эконометрикӣ барои таҳлил ва пешгӯии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар рафти мулоқот ба рушди бозори пул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз воситаҳои асосии таъсирбахш намудани канали фоизии трансмиссионии сиёсати монетарӣ ба ҳисоб меравад, диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шуд.

photo_2026-05-13_19-00-23.jpg

Муовини якуми раиси БМТ Шарифзода Фируз қайд намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани таъсирбахшии фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва такмили иқтидори таҳлилӣ-тадқиқотӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати ташхис ва рушди бозори пул як қатор чораҳои амалӣ андешида истодааст. Аз ҷумла, дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва ширкати “OG Research” масъалаҳои ташаккули фоизи ченакӣ (benchmark) дар бозори байнибонкӣ, омилҳои муайянкунандаи арзиши пул дар бозори байнибонкӣ, усулу воситаҳои пешбурди танзим ва идораи маблағҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ, механизмҳои ҷойгиркунӣ ва дастрасӣ ба пардохтпазирӣ дар бозори байнибонкӣ мавриди корбарӣ қарор гирифтанд.

Шарифзода Фируз барои ҳамкории судманд, хусусан дар самти ҷалби коршиносони байналмилалӣ баҳри такмили сиёсати самараноки пулию қарзӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, изҳори сипос намуд.

Дар баробари ин, таъкид карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон тайи солҳои охир дар доираи гузариш ба низоми муосири сиёсати пулию қарзӣ – ҳадафгирии таваррум як қатор ислоҳоти муҳимро амалӣ намуда, заминаҳои зарурии институтсионалӣ ва амалиётии пешбурди сиёсати пулию қарзиро тақвият бахшидааст.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, аз оғози соли 2026 Бонки миллии Тоҷикистон пешбурди реҷаи ҳадафгирии таваррумро эълон намуда, ҷиҳати такмили минбаъдаи воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди бозори пул, таҳкими механизми трансмиссионии сиёсати пулию қарзӣ ва мутобиқ намудани низоми амалисозии он бо таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ислоҳоти заруриро мунтазам идома медиҳад.

Сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Маҳмуд нақши сиёсати самараноки пулию қарзиро дар таъмини муътадилии сатҳи нархҳо калидӣ арзёбӣ намуда, бо назардошти вазъи кунунии иқтисоди ҷаҳонӣ зарурати таҳким ва густариши ҳамкориҳоро дар бахши молиявӣ таъкид кард.

Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои созанда ва татбиқи муштараки ташаббусҳо дар самти пешбурди сиёсати самараноки пулию қарзӣ баён намуданд. 

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 50

14.05.2026

Возврат к списку