Бонки миллии Тоҷикистон бо ифтихор хабар медиҳад, ки банкнотаи ҷашнии 100 сомонӣ, ки бахшида ба 25-солагии пули миллӣ — сомонӣ бароварда шудааст, ба рӯйхати финалистони ҷоизаи бонуфузи байналмилалии International Association of Currency Affairs - 2026 дар номинатсияи “Беҳтарин банкнотаи ҷашнӣ” ворид гардид.
Ҷоизаи мазкур аз ҷониби International Association of Currency Affairs (IACA) таъсис дода шуда, ҳамасола ба беҳтарин дастовардҳо дар соҳаи муомилоти пули нақд, технологияҳои асъорӣ ва тарҳи банкнотаҳо тақдим карда мешавад.
International Association of Currency Affairs - созмони байналмилалии ихтисосии соҳаи пул ва банкнотаҳо буда, ҳамасола озмуни "Excellence in Currency Awards" -ро ташкил медиҳад ва беҳтарин намунаҳои пулро аз рӯи тарҳ, технологияи амниятӣ ва навоварӣ интихоб мекунад. Дохилшавӣ ба рӯйхати финалистҳо маънои онро дорад, ки банкнотаи мазкур байни садҳо банкнотаҳои ҷаҳонӣ аз беҳтаринҳо эътироф шуда, бо стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ аст.

Банкнотаи ҷашнии 100 сомонӣ ба муносибати 25-солагии пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуда, марҳилаҳои муҳимми таърихи ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими иқтисодиёти миллӣ ва рушди низоми молиявии кишварро таҷассум менамояд. Дар тарҳ ва истеҳсоли банкнотаи ҷашнӣ унсурҳои зерин муттаҳид гардидаанд:
- тарҳи бадеии нодир ва дорои ҳувияти миллӣ;
- унсурҳои муосири муҳофизатӣ;
- сифати баланди полиграфӣ;
- инъикоси арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва таърихии кишвар.
Қобили зикр аст, ки ин дуюмин ҷоизаи сатҳи байналмилалии банкнотаи ҷашнии 100 сомонӣ мебошад.
Ҷоизаи аввал 2 декабри соли 2025 дар доираи Конфронси байналмилалии High Security Printing дар шаҳри Куала Лумпур ба Бонки миллии Тоҷикистон тақдим гардида буд. Дастовардҳои мазкур аз сифати баланди тарҳ, технологияҳои ҳифз ва сатҳи муосири истеҳсоли пули миллӣ шаҳодат медиҳанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳамаи шарикони байналмилалӣ, коршиносон ва мутахассисоне, ки дар татбиқи ин лоиҳа саҳм гузоштаанд, изҳори сипос менамояд.
Шомил гардидани банкнотаи ҷашнии Бонки миллии Тоҷикистон ба рӯйхати финалистони IACA Currency Awards нишони баланди эътирофи байналмилалӣ буда, ба таҳкими нуфузи пули миллӣ ва муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин тавсияи тарҳ ва технологияҳо барои истеҳсоли минбаъдаи пулҳо мусоидат менамояд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 53
14.05.2026