Ахбор

Дар бораи Фонди қарзии хурди “Мададгор - Д”


Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Мададгор - Д” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бозхонд карда шуд.

Мақомоти ваколатдори Фонди қарзии хурди “Мададгор - Д” вазифадор гардид, ки комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрии фонди қарзии хурдро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 87

13.05.2026

Возврат к списку