Ахбор

Баррасии тағйироти охирин дар Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ


Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати байналмилалии аудитории KPMG, ки ба “Чаҳоргонаи бузурги ширкатҳои аудиторӣ” шомил мебошад, 13 майи соли 2026 барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Шарҳи умумии тағйироти охирин дар Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) ва масъалаҳои татбиқи амалии СБҲМ; Ҳисоботи ESG» баргузор намуд.

Рисунок1.jpg

Дар рафти семинар масъалаҳои марбут ба тағйиру иловаҳо ба СБҲМ (IFRS) 9 «Воситаҳои молиявӣ» ва СББМ (IAS) 21 «Таъсири тағйироти қурби асъори хориҷӣ», инчунин стандартҳое, ки минбаъд мавриди амал қарор мегиранд, аз ҷумла СБҲМ (IFRS) 18 «Пешниҳод ва ифшои маълумот дар ҳисоботи молиявӣ» ва СБҲМ (IFRS) 19 «Ташкилотҳои фаръӣ бе масъулияти оммавии ҳисоботдиҳӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Иштирокдорон ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба ҳисоботдиҳии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунӣ, аҳаммияти он барои баланд бардоштани шаффофият ва устувории фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ, инчунин дурнамои татбиқи чунин ҳисоботдиҳӣ дар низоми молиявии кишварро муҳокима намуданд.

Қайд гардид, ки татбиқи саривақтии талаботи нави Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва принсипҳои ҳисоботдиҳии ESG барои таъмини шаффофият ва эътимоднокии ҳисоботи молиявӣ, таҳкими идоракунии корпоративӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ ба таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ заминаи муҳим фароҳам меорад.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 0

16.05.2026

Возврат к списку