Ахбор

Вохӯрӣ бо директори навтаъини минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ


19 майи соли 2026 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) таҳти роҳбарии директори навтаъини минтақавии IFC дар кишварҳои Покистон, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҷаноби Саймон Эндрюс мулоқот намуд.

NBT_01.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳайати Корпоратсияи байналмилалии молиявиро бо нишондиҳандаҳои асосии низоми молиявию бонкии кишвар шинос намуда, аз тамоюли мусбати рушди соҳа ёдовар шуд.

Дар навбати худ, роҳбари ҳайати IFC Саймон Эндрюс нишондиҳандаҳои бахши бонкии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ хонда, Бонки миллии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назаррас, аз ҷумла хориҷ гардидани ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯйхати таҳримҳо, табрик намуд.

NBT_02.JPG

Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба таҳияи Стратегияи нави ҳамкории кишварӣ (Country Partnership Framework) барои панҷ соли оянда табодули назар намуда, дар ин замина, зарурати густариши ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ, рушди қарздиҳии ипотекӣ ва маблағгузории “сабз” таъкид гардид.

Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои техникӣ, тақвияти рушди инфрасохтори молиявӣ ва истифодаи таҷрибаҳои пешқадами байналмилалӣ ҷиҳати дастгирии ислоҳоти бахши бонкӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.   

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 36

19.05.2026

Возврат к списку