Ахбор

Шарҳи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи озмоишии андозбандии соҳибкорони инфиродӣ


Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади равшан намудани муҳтавои «Тартиби амалисозии реҷаи махсуси танзимӣ оид ба лоиҳаи озмоишӣ дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ» ва пешгирии гуногунфаҳмиҳо байни аҳолӣ ва соҳибкорон маълумоти зеринро пешниҳод менамояд.

Пеш аз ҳама таъкид менамоем, ки лоиҳаи нави озмоишӣ ба амалиётҳои интиқоли маблағ байни шахсони воқеӣ (аз ҷумла байни аъзои оила, хешу табор ва дигар шаҳрвандон), ки хусусияти тиҷоратӣ надоранд, дахл надорад ва чунин амалиётҳо андозбандӣ карда намешаванд.

Ҳадафи асосии лоиҳаи озмоишӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ, содагардонии равандҳои андозбандӣ ва рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мебошад. Дар доираи лоиҳаи мазкур меъёри андоз барои соҳибкорони инфиродӣ аз 6 фоиз то 3 фоиз паст карда шуда, ҳисобкунии андоз ба таври худкор сурат мегирад. Ҳамзамон, бо мақсади ҳавасмандгардонии истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ, қисми муайяни ин меъёр, яъне 1 фоиз, ба харидор (пардохткунанда) баргардонида мешавад (кешбэк).

Бонки миллии Тоҷикистон инчунин таъкид менамояд, ки истифодаи ҳамёнҳои электронӣ, кортҳои бонкӣ ва дигар воситаҳои муосири пардохт бехатар буда, ҳифзи сирри бонкӣ пурра таъмин карда мешавад.

Аз шаҳрвандон ва соҳибкорон хоҳиш карда мешавад, ки ба маълумоти тасдиқнашуда бовар накарда, танҳо ба иттилооти расмии мақомоти ваколатдор такя намоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ барои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои молиявӣ ва таъмини суботи низоми бонкӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дар мавриди пайдо гардидани саволҳо вобаста ба масъалаи мазкур шаҳрвандон метавонанд ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ё бевосита ба телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон бо рақами 44-600-15-20 муроҷиат намоянд.

 

Telegram  Facebook

Диданд: 41

20.05.2026

Возврат к списку