20 майи соли 2026 дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо муовини департаменти Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) хонум Ирен Фрай масоили рушди бахши молиявӣ, таҳкими фарогирии молиявӣ, тавсеаи хизматрасониҳои рақамӣ, такмили низоми назорати бонкӣ ва густариши ҳамкориҳои техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз сатҳи баланди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конфедератсияи Швейтсария ёдовар шуда, қайд намуд, ки лоиҳаҳои муштарак дар таҳкими инфрасохтори молиявии кишвар, рушди хизматрасониҳои рақамӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ва татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 саҳми назаррас гузоштаанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба вазъи ҷории иқтисодиёт ва низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ислоҳоти сохторӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор намуданд.
Қайд карда шуд, ки иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2026 тамоюли мусбати рушдро нигоҳ дошта, низоми бонкӣ устувории худро ҳифз намудааст.
Таъкид гардид, ки рушди хизматрасониҳои рақамии молиявӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар босуръат идома дошта, шумораи истифодабарандагони воситаҳои электронии пардохт ва ҳамёнҳои электронӣ мунтазам меафзояд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда ва дастгирии ислоҳот дар бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 0
20.05.2026