Ахбор

Мулоқот бо намояндагони “J.P. Morgan” ва сармоягузорони байналмилалӣ


22 майи соли 2026 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс бо ҳайати намояндагони ширкатҳои байналмилалии молиявии “J.P.Morgan”, “Loomis Sayles&Company”, “Morgan Stanley Investment Management” ва “Global Evolution” мулоқот намуд.

NBTL2987.JPG

Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, дурнамои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ислоҳоти бахши молиявию бонкӣ ва имкониятҳои ҷалби сармоя мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо инчунин ба татбиқи меъёрҳои байналмилалӣ дар бахши бонкӣ ва рушди хизматрасониҳои рақамии молиявӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Қайд гардид, ки солҳои охир шумораи кортҳои пардохтӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдӣ дар кишвар ба таври назаррас афзоиш ёфта, раванди рақамикунонии иқтисодиёт вусъати бештар касб намудааст.

NBTL3053.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни суҳбат таъкид намуд, ки барои сармоягузорони хориҷӣ дар бахши молиявию бонкии кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шуда, дар ин замина, рушди маблағгузории “иқтисоди сабз”, таҳкими инфрасохтори рақамӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна ҳамчун самтҳои афзалиятнок арзёбӣ мегарданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати идомаи муколамаи созанда ва омӯзиши самтҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои молия, сармоягузорӣ ва низоми бонкӣ ҳавасмандӣ изҳор намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки мулоқоти мазкур дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла “J.P. Morgan”, бо мақсади ҷалби сармоя ба иқтисодиёти кишвар роҳандозӣ гардидааст.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 2467

22.05.2026

Возврат к списку